Табрикотии раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. ба муносибати Рӯзи кормандони суд!

Рӯзи кормандони суд муборак бод!

Бо арзи эҳтирому сипосгузорӣ Шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони суд самимона муборакбод намуда, бароятон тандурустии комил, осоишу хушбахтӣ, файзу баракат, нишоту саодатмандӣ ва барору комёбӣ таманно дорам.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.

Мо кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматии хеш таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулиятшиносии баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро анҷом дода истодаем, то эътимоди мардум ба низоми ҳуқуқии давлат доимо боло бошад, меъёри адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.

Бо умеди амалӣ гардидани ниятҳои неки мардуми Ватани маҳбуби соҳибистиқлоламон барои фардои осудаву обод бори дигар Шуморо бо Рӯзи кормандони суд табрику таҳният гуфта, бахту иқболи нек, рӯзгори босаодат ва умри нишотангези пурфайзу баракат орзу менамоем.

 

  • Бо камоли эҳтиром,
  • Раиси суди ҳарбии
  • ҳарбии гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                            Раҷабзода Ҳ.Н.