Таъиноти кадрӣ

17.10.2019 11:30, шаҳри Душанбе

Бо Амрҳои Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Махшулзода муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Сайидзода Зафар Шералӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ озод гардид.

Сайидзода Зафар Шералӣ – Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия таъин шуд.

 

Хабар аз сомонаи расмии http://www.president.tj/ гирифта шудааст.