Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Имрӯз, 12-уми октябри соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016, рӯзи шанбе дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе, чун ҳарҳафтаина рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Роҳбарияти суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе 3 нафар Мирзоев Сафархон Ҳусейнович., Ширинова Асалмоҳ Шоҳхуҷаевна ва Ҷураева Ҳалимаро қабул намуда, арзу шикоятҳои шаҳрвандонро шунида, ба масъулин баҳри иҷрои камбудиҳо ва барқарор намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳо доданд.

Ғайр аз ин, баҳри сари вақт, пурра ва ҳамаҷониба таъмин намудани талаботи қонуни мазкур ва баррасии арзу дархостҳои шаҳрвандон рӯзҳои қабули Раис, муовини раиси  суди ҳарбии гарнизони Душанбе муқаррар гардидааст, ки шаҳрвандон бо тартиби муқарраргардида метавонанд муроҷиат намоянд.