Иштироки кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Рӯзи 27-уми сентябри соли 2019 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки дар ин семинар мавзуъҳои зерин муҳокима карда шуданд:

  1. Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (Боби-2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) маърӯзачӣ Мирзоализода Ислом котиби суди ноҳияи Варзоб.
  2. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, №776 тасдиқ шудааст, маърӯзачӣ Қодиров Мавҷиддин ёрдамчии раиси суди шаҳри Душанбе.
  3. Тафтиши судӣ – қисмати давраи муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ, маърӯзачӣ Наҷмиддинзода Зайниддин котиби суди шаҳри Ҳисор.
  4. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд ва тарзи  қабули он, маърӯзачӣ  Холмирзоева Шоира котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шаҳринав.