25 – солагии рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

25 – солагии рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми халқи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷокистон табрику шодбош намуда, бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, саодатмандиву сарбаландӣ ва нерую матонати рӯзафзунро таманно дорам.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз барои бунёди давлати соҳибихтиёр, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта, омили асосии кафолати  устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид.

Боиси сарфарозист, ки тавассути сиёсати оқилона ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дастоварди бебаҳои таърихӣ тақвият ёфта, меъёрҳои он Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд.

Мутмаин ҳастем, ки мардуми шарифи кишварамон бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавии худ дар таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон саъю кӯшиш менамоянд.

Бигузор, мақсаду мароми мардуми тоҷик, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст амалӣ гардида, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакат ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносию ифтихори миллӣ боз ҳам қавитар гардад.

 

 

  • Бо камоли эҳтиром,
  • Раиси суди ҳарбии
  • ҳарбии гарнизони Душанбе                          Раҷабзода Ҳ.Н.