Ҳимояи ватан муқаддас аст. Зарар ба худ маҳбас аст.

Ҳимояи ватан муқаддас аст. Зарар ба худ маҳбас аст.
(моддаи 376 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст. Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар )
Хизматчии ҳарбӣ, сарбози қатории гвардия Юлдошев Абдуллобек Анварбекович 23-уми апрели 2000 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоати Оббурдон, деҳаи Пастиғаф, бо қарори комиссияи даъвати ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аз 3-юми майи соли 2019 ба хизмати ҳарбӣ муносиб дониста шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 051052 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шудааст. Ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ Юлдошев А.А., қасдан бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ) ӯ 6-уми майи соли 2019 тахминан соати 14-00 ҳангоми дар назди майдончаи варзишии қисми ҳарбии 051052 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанаш бе ягон сабаб қасдан бо мақсади саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узвмаибкунӣ) бо сигори кашида ду ҷойи дасти чапашро як маротибагӣ сӯзонда ба худ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Инчунин, Юлдошев А.А. ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар асоси фармони Фармондеҳи ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 2019 таҳти №52 барои идома додани хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 051064 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, хизматро дар қисми ҳарбии зикршуда адо карда истода номбурда 16-уми майи соли 2019 тахминан соати 20:30 дақиқа дар назди ҳаммоми қисми ҳарбӣ бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ такроран бе ягон сабаб бо алмоси риштарошӣ қисмати банди дасти чапашро як маротиба бурида ба худ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.
Ғайр аз ин 20-уми майи соли 2019 Юлдошев А.А., дар асоси роҳхати командири қисми ҳарбии 051064 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани ҳолати руҳӣ ба муассисаи давлатӣ беморхонаи ҷумњуриявии клиники бемориҳои равонӣ ба шуъбаи якуми мардона бистарӣ гардид. Юлдошев А.А., дар муассисаи табобатии мазкур 25-уми майи соли 2019 соати 03-15 дақиқа бе ягон сабаб ҳудуди муассисаро худсарона тарк намуда худи ҳамон рӯз номбурда дастгир ва ба қисми ҳарбӣ баргардонида шуд.
Ҳангоми дар муассисаи давлатӣ беморхонаи ҷумҳуриявии клиники бемориҳои равонӣ 19-уми июни соли 2019 Юлдошев А.А. қарор доштанаш бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ такроран бе ягон сабаб бо алмоси риштарошӣ қафаси синаи тарафи чапашро бурида, ба худ ҷароҳати ҷисмонӣ расонид.
Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Юлдошев Абдуллобек Анварбекович бо моддаи 376 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол, бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.
Аз болои ҳукм дар муҳлати 10 (даҳ) шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эълони он тавассути ҳамин суд ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

  • Раисикунанда, Судяи суди
    ҳарбии гарнизони Душанбе:
    подполковники адлия:                                                    М.Р. Рустамзода