Маҷлиси кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе

Имрӯз, 29 июли соли 2019 дар толори суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҷлиси навбатии корӣ баргузор гардид. Дар он, Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н., судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок намуданд.

Аз ҷониби Раис аз ҳозирин талаб карда шуд, ки ҷиҳати риояи саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олӣ, бандҳои нақшаи кории суди ҳарбии гарнизони Душанбе, интизоми меҳнат, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Инчунин, таъкид гардид, ки ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд баҳри баланд бардоштани малакаи касбии худ кӯшиш намоянд.