Мурофиаи сайёри судӣ дар қисми ҳарбии 051052 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судя подполковники адлия Саидзода З.С.

Имрӯз дар қисми ҳарбии 051052 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Саидзода З.С. дар маҷлиси сайёри суди парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сирожиддинов Рустам Набижонович бо моддаи 373 қисми 1 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Инчунин ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Саидзода З.С. бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051052 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2018 сол, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, оиди амалшавиии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ва Стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016, инчунин оиди «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремизми ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳи худогоҳи ва хештаншиносӣ, оиди тарғибу ташвиқ намудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби 193 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, инчунин Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, вобаста бо мақсади амали намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли 2017 ва ғайраҳо, суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.