Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо самимият ва эҳтироми беандоза 29-умин ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарафманди кишварамон дар фазои сулҳу субот, осоишу амният ва пешрафту дастовардҳои назаррас таҷлил мекунанд, ба Шумо муборакбод менамоям.

Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи пойдор, ки илҳомбахшу муттакояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, бароямон имконият фароҳам овард, ки бо татбиқи қонунгузорӣ, барномаю нақшаҳои давлатии рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ обрӯю эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъин намоем.

Шоистаи зикр аст, ки мардуми азизи кишварамон Истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва руҳияи баланди идона истиқбол мегиранд.

Бигузор Истиқлолияти давлатӣ ба хонадони ҳар як ҳамватани мо файзу баракат оварда, қалбҳоро аз пирӯзиҳо шарафёбу саршори нишот гардонад ва дар саъю кӯшишҳои ҳамарӯзаатон бо ҳидояту сарварии Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам пешрафту шукуфоии диёри куҳанбунёдамон илҳоми тоза бахшад.

Дар остонаи ин ҷашни бузурги давлатӣ ба Шумо сиҳатмандӣ, умри дарози пурбаркат, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъули касбиатон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

 

  • Бо камоли эҳтиром,
  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                                  Раҷабзода Ҳ.Н.