ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон бо ҳалномаҳои Суди Олӣ фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ки хусусияти террористӣ-экстремистӣ доранд, манъ карда шуд. Аз ҷумла, 29 созмону ташкилоти террористиву экстремистии зерин: Ҳизби наҳзати исломӣ, ташкилоти «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломии Узбекистон), Ҳаракати «Толибон», Ташкилоти «Бародарони мусалмон», Ташкилоти «Лашкар-е-Тайба», Гурӯҳи исломӣ (Ҷамъият-е-Ислам-и Покистон), Ҷамъият-е-Таблиғ, Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот», Тоҷикистони озод, Ҳизби таҳрир, «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ», Ҳаракати ҷамъияти «Гурӯҳи 24», Ташкилоти «Давлати исломӣ» (Давлати исломии Ироқу Шом), «Ҷабҳату-н-Нусра» (Ҷабҳат-ан-Нусра), «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ), Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ-ал-Иҷтимоӣ), Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё-ат-Тураз ал-Исломӣ), Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-Ҳарамайн), Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург), Ҷиҳоди Исломӣ — «Ҷамоати муҷоҳиддин», Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво», ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News), ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон», ташкилоти экстремистии «Тоҷикистони нав 2» фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамкорӣ бо ин созмону ташкилот ҷиноят буда, оқибатҳои талх, ногувор ва вазнин дорад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбиниииҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода намешавад.
Таъсиси ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хилофи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади онҳо ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, даъват намудан барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ равона шудааст.
Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.
Ҳар шаҳрванди бо нангу номуси кишвар бояд донад, ки ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Чунки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаҳои зикргардидаро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоангези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд.Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.
Ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси Тоҷикистонро мебояд барои ҳифзи Ватан аз ин хатарҳои муосир камари ҳиммат баста, баҳри пойдории ваҳдати сартосариву амнияти миллӣ содиқона ба Ватан хизмат намояд. Хусусан ҷавонони кишварро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд.
Котиби маҷлиси судии
Суди ҳарбии гарнизони
Душанбе лейтенанти хурди адлия                         Исмоилов Исмоил