Маҷлиси корӣ
Имрӯз, 12-уми августи соли 2024 дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҷлиси корӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур, Муовини раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе иштирок намуданд.
Аз ҷониби Муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Шамсуллозода А.М., аз ҳозирин талаб карда шуд, ки ҷиҳати риояи саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олӣ, бандҳои нақшаи кории суди ҳарбии гарнизони Душанбе, риояи интизоми меҳнат, даст назадан ба кирдорҳои корупсионӣ, навиштани протоколҳои маҷлиси судӣ дар муҳлатҳои муқаррар намудаи қонун ва баррасӣ намудани парвандаҳо чораҳои дахлдор андешида шуда, ба масъулин баҳри иҷроиши онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.