хунукназари боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардид
Умбатов Рустам Сафаралиевич дар асоси қарори раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 30 марти соли 2020 таҳти №133 дар давраи даъвати баҳории соли 2020 ба ҳайси духтур-мутахассиси бемориҳои асаби комиссияи даъватии ноҳияи зикргардида таъин шуда, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар ҳолатҳои зерин ҷинояти мансабиро содир кард.
Чунончӣ, 3 апрели соли 2020 даъватшаванда Ҷалилов Парвиз Идихуҷаевич, ки гирифтори бемории «сутунмуҳра» буд барои муайян кардани вазъи саломатӣ ва дараҷаи қобилияташ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба комиссияи даъватии ноҳияи Шоҳмансур ҳозир карда шуд. Инҷо Умбатов Р.С., ҳамчун духтури асабшинос бархилофи талаботҳои моддаҳои 21, 24 ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ,моддаҳои 70-80 Роҳнамо «Оид ба омодагӣ ва гузаронидани даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани сарбозон ва сержантоне, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамоянд» амал карда нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш хунукназарона рафтор намуда , ба муроҷиати даъватшаванда Ҷалилов П.И., оиди бемории «сутунмуҳра » гирифтор буданаш, таваҷҷуҳ зоҳир надода, баҳри муайян кардани бемориаш ягон чораандешӣ накард. Сипас ӯ даъватшаванда Ҷалилов П.И.- ро ҷиҳати саломати ғайриқонунӣ солим ва муносиб ба хизмати ҳарбӣ донист. Дар ин асос Ҷалилов П.И., барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуд. Дар рафти адои ти ҳарбӣ бемории номбурда авҷ гирифта, ӯ барои муолиҷа ва табобат ба Госпитали марказии ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуд.
Ҳамин тариқ, бо ин кирдори содирнамудаи ӯ даъватшаванда Ҷалилов П.И., ки аз ҷиҳати саломати дар давраи осоишта ғайриқобили ба хизмати ҳарбӣ мебошад, ғайриқонунӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуд. Дар натиҷа Умбатов Р.С., бо амалҳои ғайриқонуниаш ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи Ҷалилов П.И., зарари ҷиддии маънавӣ расонидааст, ки нисбати Умбатов Рустам Сафаралиевич бо моддаи 322 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шуд.