Роҳзани ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт пинҳон намемонад!

Баъзе шахсоне дар ҷомеъа пайдо мешаванд, ки бо мақсади нафси бади хеш худро дар ҷои кор ва рӯзгори осӯдаи оилаашонро сиёҳ мегардонанд.

Чунончӣ: Дар асоси фармони Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 18-январи соли 1998 тариқи шартномавӣ ба кор қабул гардида, ба вазифаи муҳофиз дар шуъбаи 4-уми Раёсати муҳофизини Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, ҳангоми ба сифати муҳофизи собиқ Раиси ҳизби наъзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллои Нурӣ кор ва фаъолият карданаш санаи 07 июли соли 2000 соати 20:00 дақиқа бо ҳамроҳии як гуруҳ хизматчиёни Раёсати муҳофизини Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Баллаев Файзулло Ањмадович, Бурҳонов Хуршед Толибович ва дигарон  маслиҳат намуда мақсад гузоштанд, ки ба қаҳвахонаи пивофурушии кучаи Дустии Халқҳои шаҳри Душанбе рафта фурушандагони он қаҳвахонаро мавриди лату куб қарор дода тарсонанд, то ин ки минбаъд бо онҳо дағалона рафтор накунанд. Ӯ бо силоҳҳои оташфишонӣ тамғаи “АКМС” таҳти №2044526 ва тапончаи тамғаи “Браунинг” таҳти №218078, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматиаш вобаста карда шуда буд мусаллаҳ гардида тариқи автомашинаи тамғаи “Нексия” рақамҳои қайди давлатиаш 9787 01 РТ ба қаҳвахонаи пивофурушӣ дар назди корхонаи пивобарории воқеъ дар кучаи Дустии Халқҳои шаҳри Душанбе рафтанд. Дар онҷо онҳо аз автомашина пиёда гашта вориди ин бино шуда, ӯ бо истифода аз силоҳҳои оташфишони бо худ доштаашон ҳуҷуми мусаллаҳона намуда бо мақсади дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарсонидани бошандагони ин бино ба самти шифти қаҳвахонаи мазкур якчанд маротиба тир холи карданд, ки аз ин рафтори онҳо мизоҷони дар дохили бино буда тарсида аз он ҷо гурехта рафтанд ва фаъолияти муътадили ин дуконхонаро вайрон  карданд. Баъдан онҳо шаҳрвандон Файзалиев Зафар Умаралиевич ва Абурашидов Рустам Абдузоҳидович-ро, ки ҳамчун фурушандагони қаҳвахона кор ва фаъолият мекарданд, бо баҳонаи ба ҳамкорони онҳо қаблан гап гардони карданашон бо дасту пой ва қундоқи силоҳи оташфишони дар даст доштаашон дар дохили қаҳвахонаи мазкур мавриди лату кӯб қарор дода ба онҳо зарарҳои ҷисмонӣ расониданд.

Дар баробари мавриди лату кӯб қарор додани Файзалиев З.У. ва Абурашидов Р.А. ӯ бо ҳамроҳии Баллаев Ф.А. ва Бурҳонов Х. Т. дар хазинаи қаҳвахонаи пивофуруши маблаѓи 600 ҳазор рубли тоҷикиро дида мақсад гузоштанд, ки тариқи истифодаи зуроварии барои ҳаёт ва саломати хатарнок ва истифодаи силоҳи оташфишон, маблағи пулиро аз хазинаи қаҳвахона ошкоро тасарруф намуда, аз бинои қаҳвахонаи пивофурушӣ берун шуда, дар назди дари даромагоҳи қаҳвахона ӯ бо мақсади тарсонидани фурушандагони қаҳвахонаи зикршуда аз силоҳи оташфишонии тапончаи тамғаи “Браунинг” таҳти №218078 дар дасташ буда ба самти ҳаво як маротиба тир холи карда тартиботи ҷамъятиро дағалона вайрон карда аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Худи ҳамон рӯз ҳангоми ба маҳали хизматиашон баргашта, дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи Нексия рақамҳои қайди давлатиаш 9787 01РТ бо ҳамроҳии Баллаев Ф. А. маблағҳои аз хазинаи қаҳвахонаи пивофурушии кучаи Дустии Халқҳо тасарруфнамудаашонро ҳисоб карда, дар маҷму 600 ҳазор рубли тоҷикиро ташкил медиҳад ва дар асоси маслиҳати пешакӣ ин миқдор маблағро байни ҳамдигар баробар тақсим намуда 300 ҳазор рубли тоҷикӣ барои худ гирифта мехост ба манфиатҳои шахсии худ сарф намояд, ки ҷиноят ошкор карда шудааст ва маблағҳои гирифташонро баргардониданд.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ аз 27 июли соли 2000, №1838 дар бадани шаҳрванд Файзалиев Зафар Умаралиевич ҷароҳатҳои ҷисмонии зерин ба монанди захми даридаи пусти чакаи сар аз тарафи чап пайдо карда шуд, ки ин ҷароҳат ба зарари сабук ба саломати мансуб буда аз таъсири ҷисми сахту кунд метавонист дар санаи 07.07 соли 2000 бардошта бошад. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ аз 27 июли соли 2000, №1891 дар бадани шаҳрванд Абдурашидов Рустам Абдузоҳидович зарари ҷисмони пайдо нагардида танҳо дарди ҷисмонӣ расонида шудааст. Мувофиқи хуолосаи экспертизаи судӣ-балистикӣ таҳти №710 аз 16.12 соли 2019 силоҳҳи оташфишонӣ тамғаи “АКМС” таҳти №2044526 ва тапончаи тамғаи “Браунинг” таҳти №218078 аз ҷиҳати техникӣ ба талабот ҷавобгу буда, барои истифодабари коршоям мебошанд.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 21-уми январи соли 2020 Ворисов Мухамади Газиевич, бо моддаҳои 249 қисми 4 банди “в” ва 237 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста  шуда, ба ӯ чунин ҷазо таъин карда шуда, бо моддаи 249 қисми 4 банди “в” бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 9 сол ва бо моддаи 237 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 6 сол, таъин карда шуда, дар асоси моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазои таъиншуда аз руи маҷмӯи ҷиноятҳо ба Ворисов М.Г. ҷазои ниҳои дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин карда шавад. Дар асоси талаботи моддаи 7 банди “а” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29-уми августи соли 2001 таҳти №44 мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Ворисов М.Г., аз се як ҳисса кам карда шавад.

 

  • Раиси  суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                                            Раҷабзода Ҳ.Н.