Вохӯрии раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н. дар қисми ҳарбии 051052 ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Баромад
Доир ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 26 декабри соли 2019.
Ҳамасола Президенти кишварамон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.
Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 26 декабри соли 2019 чунин қайд намуд, ки соли сипари шуда дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сапт гардид.
Дар суханрониҳои худ Пешвои миллат чунин иброз намуд. ки тибқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намудааст. ки сатҳи камбизоати ба 27,5 фоиз кам шуда, нисбат ба солҳои қабли сатҳи зиндагии мардуми кишвар хелоҳам беҳтар гаштааст.
Ҳоло мо дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорем.
Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем.
Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст.
Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Гузашта аз ин Президенти кишвар дар Паёми хеш чунин қайд намуд, ки мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.
Бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомони ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.
Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзур гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дуст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин ба омузиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гушаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрузҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре ру ба ру омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлокӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният руй намегардонад.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Чунон чӣ чанде аз аъзои яке аз гуруҳҳои созмони террористии ба ном давлати исломӣ ба дидбонгоҳи Қушунҳои сарҳадӣ ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд.
Аз ин лиҳоз. сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиб тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эхтиром ба арзишҳои умумиинсони тарбия намоянд.
Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳаншудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвият заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад.
Ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошад.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар. ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад.
Аз ин ру, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ чораҷуӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обруи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаьолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.
Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо вуҷуди ин, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳануз ҳам ба талабот ҷавобгуй нест.
Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро зарур аст, ки ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи онҳо дар руҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд.
Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.
Ба диққататон ташаккур!