Вохӯрии корманди суди ҳарбии гарнизони Душанбе майори адлия Ҷобиров Х.К. дар қисми ҳарбии 3502 ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои қисми ҳарбии 3502 ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш оид ба Омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ аз 26.12.2019 сол ва ҳамчунин падидаи интихобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тарчумони суди ҳарбии гарнизони Душанбе майори адлия Ҷобиров Хуршедшох Кароматович,  муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ, ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, лейтенанти адлия Пирзода Бахтиёр Раҷабалӣ, ва намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардабири ҳафтномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ иштирок намуданд.

Дар мулоқот дарҷ гардид, ки доир ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои он кас ҳамаи мо бо хабар ҳастем ва ин Паём дар шароите баён гардид, ки Тоҷикистон дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашнвораҳои сиёсиву фарҳангӣ, алалхусус таҷлили 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ, интихоботи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Таъкид карда шуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ вазифадоранд, ки баҳри пешравӣ ва осоиштагии Ватан тамоми қувват ва кӯшиши худро равона намояд.

Агарчи маҳаки асосии  ҳар  кишвар сиёсати закӣ ва иқтисодиёти пурқудрат бошад ҳам дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши таълиму тарбия ва дар ҳамин замина  ривоҷу равнақ ва  ҳимояи дастовардҳою арзишҳои миллӣ нигаронда шуда буд.

Вазифаи  барномаи мазкур аҳли ҷомеа, хусусан, табақаи зиёиён  хабардор  намояд, ки Қонун ва Қаророҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дилхоҳ шахс, новобаста аз миллат, шахсият, табақаи иҷтимоӣ, дину диндорӣ, дахл дорад, чунки ин қонуну қарорҳо дар  саросари  кишвари мо амалкунанда ҳастанд. Надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарро истисно намекунад. Дилхоҳ масъала ва мунасибат дар қонун  дарҷ шудааст. Дониши ҳуқуқӣ ба фоидаи ҳар як инсон аст.

Зимни мулоқот инчунин  Ҷобиров Х.К., дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус, хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, мубориза ва пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба савдои одамон, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона баромад карданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.