Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе Раҷабзода Ҳ.Н. ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Кӯдакони азизу меҳрубону саодатманд!
Ҳамасола дар саросари дунё 1-уми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумла дар Тоҷикистони маҳбуби мо ҳам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дорад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 70 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.
Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷуҳи хоса фарогиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рӯзгорамонро рӯ ба беҳбуди оварда истодааст. Инчунин ба кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса рӯз аз рӯз бештар мешавад.
Фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба кулли кӯдакону наврасон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро таманно дорем. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд.
Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кӯдакони азизу меҳрубон!