Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Бо тақдими беҳтарин таманниёт ва қадршиносӣ, бо як ҷаҳон сипосу самимият Шумо мардуми кишварро бо фарорасии ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардхои бузурги мардуми шарифи Точикистон аст ва бо шарофати хиради азалӣ, сиёсати сулҳпарварона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон муяссар гардидааст, бо камоли эхтирому қадршиносӣ ба Шумо муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки фазои сулху ваҳдат, дустиву муҳаббат, сарфарозиву хушбахти дар мамлакат побарҷо ва дар хонадони ҳар як сокини он шодиву нишот ҷовидона бошад. Таърих гувоҳ аст, ки 27 июни соли 1997 маҳз бо саъю талоши — беназири Сарвари давлат — Созишномаи умуми истиқрори сулҳ, ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бидуни шак, ин руйдоди нишотовар дар — китоби таърихи тоҷикон сахифаи навро боз намуд. Тамоми — дастовардҳои бузурге, ки мо имруз ба онҳо ноил гардидем, маҳз бо — хизматҳои шоёни Роҳбари давлат ва баракати Ваҳдати миллӣ, оромиву осудагӣ ва сулҳу субот ба мо муяссар гардидааст. Хурду бузург муваззаф ҳастем, ки ин неъмати бузургро чун гавҳари чашм ҳифз намоем. Дар арафаи истиқбол аз ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ ба Шумо сиҳатмандӣ, умри дарози пурбаракат, саодати ҳамешагӣ ва комёбию пирузиро дар имрузу ояндаи кишвар ва рушди давлатдориамон таманно дорем. Зиндаву поянда бод Пешвои миллат, Давлат, Истиклол ва Ваҳдати миллии тоҷикон!

 

                        Раиси суди ҳарбии гарнизони                                                                                                                                            Душанбе полковники адлия                                  Шарифзода Р.Ҳ.

Нет описания.