Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба муносибати «Рӯзи модар»

Бонувони арҷманд!
Модарону хоҳарони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи бардавом, саодати ҳамешагӣ ва тамоми хушиҳои умрро таманно менамоям.
Воқеан, модар азизтарин мавҷуди рӯи замин мебошад. Зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Ба эътирофи нафақат бузургону мутафакирони олам, балки тамоми инсоният Зан – Модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад. Ба қавли бузургон Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро такон медиҳад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Бигзор, дилҳои Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои ҷўшон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд.
Идатон муборак бонувон ва хоҳарони азиз!
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.