Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо тақдими беҳтарин таманниёт ва қадршиносӣ, бо як ҷаҳон арзи сипосу самимият тамоми мардуми кишварро ба муносибати фарорасии 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии
Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон тансиҳати, саодатманди ва рӯзгори пур аз файзу баракат таманно менамоям.
Тарих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, онро ба яке аз артишҳои муқтадири ҷахони муосир табдил додаанд.
Дар рӯзҳои барои Тоҷикистон сахту вазнин Қувваҳои Мусаллаҳ ба муқобили гуруҳҳои ҷиноятии муташаккили дохиливу трансмиллӣ, террористиву экстремистӣ, сарҳадшикану нашъаҷаллобон, ки оромии
ватанро намехостанд, муборизаи беамон бурда, барои таъмини сулҳу субот ва дахлнопазирии Тоҷикистони азиз саҳми бузург гузоштааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз имтиҳони сахти таърих гузашта, асолати худро то имрӯз сарбаландона адо менамояд.
Дар ин рӯзи муборак бори дигар ба ҳар яки Шумо тансиҳати, умри дарози пурбаракат, саодати рӯзгор ва дар шахсияти Шумо ба тамоми сарбозону афсарони шуҷоъи Ватан дар ҷабҳаи амнияту осоиштагӣ, ободкориву созандагӣ, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат, қуввату ғайрат ва ҷасорату матонати нав ба нав таманно дорем.
Бо камоли эҳтиром,
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия Шарифзода Р.Ҳ.