ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ, БА МУНОСИБАТИ 28-УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ МУҚАДДАСИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо тақдими беҳтарин таманниёт ва қадршиносӣ, бо як ҷаҳон сипосу самимият мардуми шарифи Тоҷикистони азизамонро бо фарорасии 28-умин солгарди ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон аст ва бо шарофати хиради азалӣ, сиёсати сулҳпарварона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки фазои сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббат, сарфарозиву хушбахтӣ дар мамлакат побарҷо ва дар хонадони ҳар як сокини он шодиву нишот ҷовидона бошад.
Таърих гувоҳ аст, ки 27 июни соли 1997 маҳз бо саъю талоши беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бидуни шак, ин рӯйдоди нишотовар дар китоби таърихи тоҷикон саҳифаи навро боз намуд. Тамоми дастовардҳои бузурге, ки мо имрӯз ба онҳо ноил гардидем, маҳз бо хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати Ваҳдати миллӣ, оромиву осудагӣ ва сулҳу субот ба мо муяссар гардидааст. Хурду бузург муваззаф ҳастем, ки ин неъмати бузургро чун гавҳари чашм ҳифз намоем.
Дар арафаи истиқбол аз ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ ба Шумо дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ сиҳатмандӣ, умри дарози пурбаракат, саодати ҳамешагӣ ва комёбию пирӯзиро дар имрӯзу ояндаи кишвар ва рушди давлатдориамон таманно дорам.
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия Шарифзода Р.Ҳ.