Табрикоти Раиси Суди ҳарби гарнизонии Душанбе бо фарорасии ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром Шуморо бо фарорасии ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон аст ва бо шарофати хиради азалӣ, сиёсати сулҳпарварона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, бо камоли эҳтирому қадршиносӣ муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки фазои сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббат, сарфарозиву хушбахтӣ дар мамлакат побарҷо ва дар хонадони ҳар яки Шумо шодиву нишот ҷовидона бошад.
Таърих гувоҳ аст, ки 27 июни соли 1997 маҳз бо саъю талоши беназири Сарвари давлат — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бидуни шак, ин рӯйдоди нишотовар дар китоби таърихи тоҷикон саҳифаи навро боз намуд.
Тамоми дастовардҳои бузурге, ки мо имрӯз ба онҳо ноил гардидем, маҳз бо хизматҳои шоёни Роҳбари давлат ва баракати Ваҳдати миллӣ, оромиву осудагӣ ва сулҳу субот ба мо муяссар гардидааст. Хурду бузург муваззаф ҳастем, ки ин неъмати бузургро чун гавҳари чашм ҳифз намоем.
Ваҳдати миллӣ чун омили тақвиятдиҳандаи Истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат сарнавишти Тоҷикистони азизро ба маҷрои сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ, созандагиву ободкорӣ равона сохт.
Дар арафаи истиқбол аз ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ ба ҳар яки Шумо сиҳатмандӣ, умри дарози пурбаракат, саодати ҳамешагӣ ва комёбию пирўзиро дар имрӯзу ояндаи кишвар ва рушди давлатдориамон таманно дорам.
Зиндаву поянда бод Пешвои миллат, Давлат, Истиқлол ва Ваҳдати миллии тоҷикон!
Раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе
полковники адлия                                                     Раҷабзода Ҳ.Н.