САРБОЗИ СОХТАКОР Ё ФИРЕБГАР

Баъзе нафароне ҳастанд, ки худашонро ба бемории сохта гирифтор намуда, хизмати модар ватанро фаромуш мекунаду даст ба содир намудани ҷиноят мезананд.

Маҳмадалиев С.А., 27-октябри соли 2020 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидааст. Бо фармони командири қисми ҳарбии мазкур аз 28-октябри соли 2020, №252 ба рӯйхати ҳайати шахсӣ ва  ҳама гуна намуди таъминот дароварда шудааст. Ӯ дар давоми хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии мазкур бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда бо мақсади тамоман озод шудан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд карда, бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба бемории сохтааш, санаи 14.12 соли 2020 тахминан соатҳои 03:00 дақиқа рӯйкаши рахти хобашро гирифта дар панҷараи тирезаи утоқи №4-и нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ баста, дар дохили утоқ бо мақсади он, ки ин амалашро хизматчиёни ҳарбӣ мушоҳида намоянд аз дохили утоқ ҳар гуна садоҳои ашёро мебарорад. Дар натиҷа ҳамхизматаш қаторӣ Қурбонов Муҳаммад Сафаралиевич дохили утоқ гардида, ӯро аз тиреза фаровардааст. Бо мақсади муайян кардани вазъи рӯҳи ва равонии сарбози қаторӣ Маҳмадалиев С.А. аз 18-уми ноябр то 09-декабри соли 2020 дар Беморхонаи Ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст.

Мувофиқи хулосаи Беморхонаи Ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ таҳти №2049 Маҳмадалиев С.А. гирифтори бемориии рӯҳӣ набуда, рафтори сохтакорона дорад.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 18 феврали соли 2021 Маҳмадалиев Саидшоҳ Аламшоевич, бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум карда шудааст.

 

 

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                                                  Раҷабзода Ҳ.Н.