Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории Тоҷикон

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҳлосияи 16-уми таърихи Шурои Олии Тоҷикистон ки дар он тақдири ояндаи давлати милли давлати тоҷикон тахрези гардида, ба суи хадафҳои умумимилли сулҳу суббот ва ваҳдати мили кадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани татбирҳои зарури доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳиб истиқлоламон –Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.
Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдори ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар , яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дуняви ҳамчун ҳадафи асоси ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.
Парчам ҳануз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдори шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиноси, хафриёт навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқи монданд, аз он гувоҳи медиҳад.
Хушбахтона бо шарофияти истиқлолияти давлатии тоҷикон соҳиби Парчами милли яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.
Парчами милли имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши серанг, ранги сурх-озодиву истиқлол , ранги сафед-сулҳу ороми, ранги сабз-ободиву хуррами ва дар байни он рамзи тоҷи зарини соҳибдавлати бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамадуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати милли давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории милли озоди ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимилли ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талкин намоем.
Раиси суди ҳарбии
гарнизонии Душанбе
полковники адлия
Раҷабзода Ҳотам Назар