Паёми табрикоти ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо бо ҷашни фархунда, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарафмандамон дар фазои  сулҳу субот, осоишу амният ва пешрафту дастовардҳои назаррас таҷлил мекунанд табрику муборакбод менамоям.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд:  «9 сентябри соли 1991 барои мо тоҷикон на танҳо Рӯзи истиқлолият, балки санаи амалӣ шудани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон, барқароршавии адолати таърихӣ ба оғози марҳилаи нави таҳаввул ва пешрафт мебошад».

Тоҷикистони азиз дар даврони Истиқлолият роҳи садсолаҳоро тай намуда, ба кишвари ободу зебо, вақеан ҳам мустақил ва дар сиёсати ҷаҳонӣ таъсиргузор табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик волотарин ва арзишмандтарин дастовард дар ҳазор соли охир маҳсуб меёбад.

Таърих гувоҳ аст, ки комёбиҳои бузурги даврони истиқлолият- барқарор намудани сулҳу суботи комил, рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар муваффақиятҳо самараи сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии халқи тоҷик мебошад.

Бигузор Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун меҳвари асосии амалишавии ниятҳои нек ва дастовардҳои  мардуми шарафманди тоҷик дар рушду нумӯи кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷовидон ва нурҳои сулҳу ваҳдат доимо болои мардуми тоҷик ҷилвагар бошад.

Бори дигар ҷашни фархунда 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

 

  • Раиси суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  • полковники адлия                                               Раҷабзода Ҳотам Назар