ПАЁМИ ПЕШВО ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Парокандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирузӣ аз иттифоқ хезад.
Ҷалолиддини Балхӣ
ПАЁМИ ПЕШВО ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарки масоили мубрами хештаншиносӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ дастури зарурӣ ва хеле муфидест. «Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарин ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад» — омадааст дар Паём. Дар ҳақиқат барои ташаккули мундариҷаи шуурнокӣ ва ҷаҳонбинии кулли сокинони кишвар, ба вижа ҷавонон, шомил нашуддани онҳо ба равия, гурӯҳ ва ҳаракатҳои номатлуб, шукуфоии ояндаи миллат онҳоро ба таърихи халқи азизамон шинос бояд кард. Танҳо тавассути донистани илмҳои гуманитарӣ, қонунмандиҳои тараққиёти ҷамъият ва тафаккур, таҳқиқи онҳо барои пешгирӣ кардани равандҳои номатлуб дар ҷомеа сафарбар карда мешаванд. Барои расидан ба ин ҳадафи бузург зарур аст, ки тарбияи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ривоҷ ёбад, дар ҷомеа муносибати мақсадноки инсон чун субъекти фаъол дар давлатсозӣ муайян гардад. Дар Паём омадааст: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагонамонро омӯзем ва онро ҳамчун ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем». Барои ба ваҳдати миллӣ расидан, хештаншинос шудан шарти асосӣ аст, ки ҷавҳари онро маърифат ва огоҳи ташкил медиҳад, яъне шахси огоҳ ба ваҳдати миллӣ, миллату Сарвари давлат мерасад. Танҳо бо хондани китоб, илмомӯзӣ, забономӯзӣ дарк карда метавонем, ки инсонҳо дар кураи Замин аз як гавҳар пайдо шудаанд. Ҳамин ҷавҳари як будан аст, ки инсонҳо баъди дур шудан аз ҳам боз рӯзгори васли хешро меҷӯянд, то якҷо шаванд. Ҳамрадифӣ, ҳамдилӣ, аз ҳамзабонӣ, ҳамсоягӣ дида бештар ба шахс дар ҳалли масоили муҳими ҷомеа, рӯзгордорӣ, печидагиҳои байналмилалӣ ёриву тавон мебахшад. Ҷомеаи ба ваҳдат омада мисли тани варзидаву обутобдида аст, ки дар он ҳамаи узвҳо фаъолу коршояманд ва ягон анвои амроз онро коста карда наметавонад. Бо далелҳои таърихи ба исбот расидааст, ки рушди босуботу муназами ҷомеа ба оромию ҳамдигарфаҳми таркиби он, аъзои он, қувваҳои фарҳангию сиёсӣ ва қишрҳои иҷтимои вобастагӣ дорад. Яъне, бесуботӣ боиси ба сахтӣ гирифтор шудан, фалаҷ гаштани идораи давлатҳо, бесарусомонии иҷтимоӣ дар ҷомеа мегардад. Вазъи коинот ва рӯзгори муназзами инсонҳо низ ба ваҳдату ҷамъияти одамон вобастагӣ дорад, мутобиқати инсону кайҳон, ба вижа, Замин- гаҳвораи инсон, нумӯи ҳаёт ба ҳам рабт доранд. Олимон ба исбот расонидаанд, ки дар айёми ҷангу ҷӯши одамон дар Сайёраи Замин ҳаводиси фавқулода ба вуқӯъ мепайвандад. Таркиби об, хоку ҳаво тағир меёбад,вулканҳо ҷунбиш мекунанд,дарёҳо лабрез ва ба сӯйи маскани инсонҳо сарозер мегарданд. Селобаҳои солҳои 1992-1998 дар кишвари мо, ки боиси харобии шаҳру деҳаи зиёде гашт аз ёдҳо нарафтааст. Аз ин ҷиҳат вожаи ваҳдатро чун яке аз унсурҳои ҳаёти табиӣ ва иҷтимоии инсон бояд дарҷ созем. Аҳли илму адаби тоҷик кайҳо бар пояи ин маънӣ расидаанд, аз ҷумла, Саъдии Шерозӣ таъкид кардааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту ки аз ҳоли дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Зарурати ваҳдати инсонҳо баробари низоми мавҷудоту махлуқоти замину Кайҳон боз ифодагари ягонагии сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодию ободӣ низ мебошад. Қариб кулли инсонҳо дарк мекунанд,ки оромию осоиш, лаззати зиндагӣ танҳо дар муҳити ваҳдати комил муяссар мегардад, ба ин маънӣ ваҳдат на танҳо арзиши миллӣ, ҳатто ҳастии арзиши умумибашарӣ низ ҳаст.
Дар муҳити ваҳдат инсон худро бароҳат, бошараф ва як ҷузъи ҷомеаи инсонҳо ҳисобу эҳсос менамояд, як фарди зарурии миллат медонад, аз доираи маҳдуди мафкураи қавмиву маҳалгароӣ берун мешавад, барояш акнун манофеи башарият, кишварро ба манофеи хусусию музофотӣ баробар мегардад. Дар ин поя бармало эҳсос менамояд, ки ҳастии ӯ бо ҳастии мардуму миллат вобаста аст,дар ҳамбастагӣ аз иҷрои корҳои муҳим, кашфу эҷод ободкорию созандагӣ баромада метавонад. Қатра-қатра оқибат дарёи хурӯшон мешавему, зарра-зарра кӯҳи побарҷо
Мутобиқи ақоиди дини ислом ваҳдат- маънист аз зоту сифати Худованд, бо шеваи эътиқоду эътимод ва ҳамваслкунандаи инсонҳо. Яъне, Худованд бо интихоби расулаш мардумро дар ҷомеа ба ягонагӣ оварданист.Сарманшаи ин гуфтаҳо китоби «Қуръон» аст, ки ҳар сураву ояти он дину миллатҳо, ходимону хоҷагони оламро ба иттиҳоду ба ҳамбастагӣ даъват мекунанд. Ифротгароёну таассубгарони динӣ бояд бидонанд ки дини ислом саросар даъваткунанда ба ҳамбастагӣ мебошад, нифоқи миллию мазҳабӣ, гурӯҳиро наҳйӣ кардааст: «Эй мардум ҳар оина Парвардигори шумо ягона аст ва дар ҳар оила падари шумо як кас аст огоҳ бошед, ки арабиро бар аҷамӣ ва аҷамиро ба арабӣ, сурхпӯстро бар сиёҳпӯст ва сиёҳпӯстро бар сурхпуст фазлу бартарӣ нест, магар ба оина ва тақво ва , парҳезкорӣ, ҳар оина гиромитарини шумо назди Худованд парҳезкортарини шумо аст». Яъне, иртиботи як мусалмон ба мусалмони дигар монанди девори сутуни бинои давлатест, ки як қисматаш қисмати дигарро маҳкам месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзишҳои динӣ дар ҷомеа таъкид карданд: «Барои он кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки арзишҳои башардӯстонаи дини мубини исломро биомӯзем ва биомӯзонем, зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти қадимӣ ва суннатҳои рӯзгори мо ба ислом банду пайванди мустаҳкам дорад».
Чи тавре аз таърих медонем нодида гирифтани ваҳдати миллӣ, дин, мазҳаб боиси тезутунд шудани зиддиятҳои дохилӣ вайроншавии шаҳру дењот аҳли илм, ҳунармандон , коҳиши маънавиёти инсонҳо шуд.
Далели бармалои ин гуфтаҳо муноқишаҳои солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ, талафоти одамон ва пастравии иқтисоду иҷтимоиёти ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид.
Дар Паём омадааст: «Як ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки ҳеҷ як қувваи беруна, агар дар дохили миллат хоиноне пайдо насозад, бо онҳо аз рӯйи ғараз пулу мол надиҳад, кумаку ҳамкорӣ накунад давлатро ноором ва мардумро босаранҷом карда наметавонад». Оре, ба ваҳдат наомадани давлату миллат аз лиҳози дониш, маърифат якмаром, яктан набудан, вобастагӣ ба омилҳои беруна, дарк накардани масъулияти шаҳрвандӣ, касодии ваҳдати миллӣ ва хештаншиносӣ, эҳсосоти ноқиси ягона будани шахс,боло гузоштани манфиати худ аз манфиати олии миллӣ ва солҳои 90-уми асри гузашта давлат боиси сар задании фоҷеаҳо гардид. Танњо аз тарафи неруҳои солими ҷомеа, хатари аз байн рафтану гуреза гаштани миллат бармало мушоҳида гардиду барои низоми устувори давлатдории навин саъю кӯшиш оѓоз гардид, талошҳо аз моҳи ноябри соли 1992 зери роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Маҳз матонату ҷасорати ин сиёсатмадори дурандеш буд ,ки халқи тоҷик ба ваҳдат расид. Ҳукумати кишвар барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ барои баргардонидани фирориёни иҷборӣ, роҳандозӣ марҳилаи гуфтушунид бо неруҳои мухолифини тоҷик талош менамуд. Таъкид мекард, ки Тоҷикистон сарзамини ҳамаи тоҷикистониён аст. Пешвои миллат дар Паём таъкид мекунанд: «Ниҳоят зарур аст, ки миллат дар ҳар як шикаст чун худро эътироф кунад. То дар замони осудагӣ ва шукуфоӣ, ки хушбахтона, хоси вазъи имрӯзаи ватани мост, дар ғафлат намонад. Аз он рӯзҳои фоҷиавӣ андеша кунад. Собит қадамҳо хатоҳоро ислоҳ намояд. Ба давлат нигоҳ накунад, зеро давлат худи миллат, худи мардум — аз хурд то бузург аст».
Санаи 6.11.1994 қабули Конститутсияи нав боиси роҳандозии низоми нави иқтисодӣ, ҷалби оммаи васеи мардум ба давлатдорӣ, якдигарфаҳмӣ ваҳдати миллӣ гашт, яъне ваҳдат зарурати тақозои ҳаёт ва талаботи тағйироти вазъи ҷомеа буд.
Мафҳуми ваҳдати миллӣ ҷанбаи назариявӣ ва амалӣ дорад. Вобаста ба талаботи ҷанбаи аввал моро зарур аст мо ба таҳдидҳои беруна ва ё буҳрони дохилӣ якнаво ва якҷоя муносибат карда, барои муносибати хайрхоҳонаи гурӯҳҳои гуногуни миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намоем. Риояи ҳамин принсип сабаби бомуваффақият ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) ва қабули Қонуни асосӣ ё Конститутсияи ҶТ гардид. Конститутсия ҳуҷҷатест сарнавиштсоз, ки аз ҷониби намояндагони халқ таҳия, аз тариқи раъйпурсии умумӣ, ҳама шаҳрвандони кишвар, ки ба синни муайян расидаанд, дар эҷоди сатрҳо, бобҳо, моддаҳои он ширкат варзидаву тағйироту иловаҳоро дароварданду пазируфтанд. Эълон доштанд, ки шахс танҳо дар он ҷомеае озодии мутлақ дорад, ки шаҳрвандонаш новобаста ба ирқу нажод, миллат мансабаш ғуломи қонун бошанд, онро риоя, бечунучаро иҷро намоянд, ҳуқуқи хешро шиносанд, интихоб кунанду интихоб шаванд. Ҷомеае, ки асосҳои бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу инсоф ва масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медињад, орзуи халқи мо дар масири асрҳо буд ва бояд гуфт, ки дар ин роҳ кӯшишҳои бисёре низ амалӣ карда мешуданд. «Ҳанӯз дар аҳди Ҳахоманишиён – дар қарни панҷуми пеш аз мелод Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир содир шуда буд, ки дар он бори нахуст сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт»- таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бахшида ба 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Албатта, ин далели таърихӣ боиси ифтихор аст, аммо ин санад ва чандин амру фармонҳои башардӯстонаи бо ибтикори сарварон давлатҳо дар таърихи ниёкони мо содир шуданд ва мавқеи халқ дар ин радиф пассив, чандумдараҷа буду мардуми одӣ иҷборан барои иҷрои бандҳои он муваззаф мегашт, акнун халқ дар таҳияи сарнавишти давлатдории хеш – Конститутсия бевосита муҳокимаронӣ, ибрози мулоҳиза намоянд, дар бунёди банду боб, таҳияи сатру вожаҳои он фаъолона ширкат биварзанд. Мустақилияти рушди иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар алоқамандӣ бо сӯннатҳо, анъанаҳои қадимии давлатдории гузаштагонамон, баҳрабардорӣ аз анъанаҳои миллӣ, ёдгориҳои пурғановати тамаддун, дар заминаи рушди робитаҳои тарафайн бо кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалиро тақозо менамуд. Зиндагӣ дар маҷрои нав шаклу усули нави давлатдорӣ, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хифзу таъмини арзишҳои олии инсон, ҳуқуқҳои инсон, банизомдарории муносибатҳои сифатан наву беҳтари ҷомеаро талаб мекард.
Тибқи моддаҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз манфиатҳои фардӣ ва гӯруҳӣ, музофоти аз доираи манофеи умумимиллӣ ба ҳеҷ ваҷҳ бояд берун набарояду бартарӣ пайдо нанамояд, бояд огоҳи зиракии сиёсӣ даркор то бидонем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ барои комёб шудан ба мақсадҳои хеш метавонанд ҳар лаҳза оромию осудагӣ, ваҳдати миллиро барҳам мезананд, гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабҳоро ба ҳам зид мегардонанд.
Барои фирефта нашудани мардум дар раванди таҳаввулпазирӣ ҷаҳони муосир,бозингарони ҷаҳонию минтақавӣ бояд худшиносию ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама дар заминаи андешаи миллӣ ва таъриху фарҳанги миллат падид омада, устувор бигардад, ифодагари ормонҳои миллӣ бошад ва чун риштаи пайвандкунанда манофеи ҳар афроди миллатро ба дигараш мепайвандад. Ба он ҷаҳд мешавад, ки бояд меъёри гуногунандешӣ, гуногунақидагӣ, ваҳдати миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат қарор гирад. Мо бояд аз пайомад ё маншаи ҳар гуна идеология огоҳ шавем ва бидонем, ки ақоиду ормонҳои рӯи кор омада ба талаботи манофеи миллӣ мухолифанд ё зарур?
Ваҳдати миллӣ, барои рушди худогоҳии миллӣ назари нав падид овард, нигоҳи мардуми оламро ба халқи тоҷик дигаргуна сохт, омили ба роҳ мондани муносибатҳои иктисодию сиёсӣ гашт, кафолати ҳамдастии сокинони Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба вижа бо давлатҳои бузурги олам Русия, Чину Эрон вусъат ёфт: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём барои дуруст муайян кардани роҳу равиши зиндагӣ, нақши ворид гаштан дар ҳаёт, якдилу якмаром шудан таъкид мекунанд: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳар чи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯйи илму донишро ҷой кунем». Барои ба ваҳдати комили миллӣ расидан Пешвои миллат омӯзиши илм, хондани китоб-чун дурӯғи субҳи донишро шарти асосӣ дониста, китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуровро сарчашмаи муътамаду гаронбаҳои бедории ҳисси миллӣ муаррифӣ карда, дастур доданд, ки дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оила туҳфа карда шавад.
- Раиси суди ҳарбии
- гарнизони Душанбе
- полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.