Омодагии суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба Истиқлолияти давлатӣ

Ҷиҳати иҷроиши дастури хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ш. Шоҳиён вобаста ба истиқбол намудани ҷашнҳои 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тарғиби нақши Конститутсия ва Пешвои миллат дар эъмори давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ва таҳкими давлатидории миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар  суди ҳарбии гарнизони Душанбе корҳои ободонии гирду атрофи бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва насб намудани овезаҳои ҷашнӣ гузаронида шуда, ҷиҳати тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва шаҳрвандон овезаҳои ҷашнӣ ва парчамҳои давлатӣ ба таври дахлдор овезон карда шуда, корҳои ободонӣ идома дорад.