Мурофиаи сайёри судӣ дар қисми ҳарбии 0122 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Шарифзода Р.Ҳ..

Санаи 17-уми феврали соли 2020 дар қисми ҳарбии 0122 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Шарифзода Р.Ҳ. бо котибии капитани адлия Давлатов Б.Ш., айбдоркунандаи давлатӣ полковники адлия Икромзода М., дар маҷлиси кушодаи сайёри судӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Ғаюров Беҳруз Саидович бо моддаи 373 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Имрӯз судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе подполковники адлия Шарифзода Р.Ҳ., бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 0122 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пешвоз ва ҷашн гирифтани Идҳои миллӣ, оиди амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии мубориза барзидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои экстремизми ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳи худогоҳи ва хештаншиносӣ, суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.