МАЪРӮЗА ОИД БА САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Раванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм нишон медиҳад, ки имрӯз ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб муттаҳидӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро тақозо дорад.

Солҳои охир дар давлатҳои Аврупо, Шарқи Наздик, Африқо, Осиёи Марказӣ ва ИМА содир шудани садҳо ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ аз хатари глобалӣ доштани терроризм ва экстремизм шаҳодат медиҳад.

Ин зуҳурот ба муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ таъсиргузор гардида, на танӣо ба амнияти давлатӣои алоӣида, балки ба суботи минтақа ва ҷахон таҳдид менамояд.

Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз cap гузаронидааст, аз окибатҳои фоҷиабори фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ — террористии байналмилалӣ хуб огаҳ аст ва дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тарафдори муборизаи беамон ва муташаккилонаи зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» зикр намуданд, «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад».

Мураккабшавии авзои сиёсии ҷаҳон дар меҳвари манфиатхои геополитикии баъзе аз кишварҳо боиси боз ҳам вусъат ёфтани фаъолияти ташкилоти байналмилалии экстремистӣ-террористӣ гардидааст. Боиси таассуф аст, ки баъзе аз давлатҳо дар ҳудуди худ бо терроризм ва экстремизм мубориза бурда, дар давлатҳо ва минтақаҳои дигар ба хотири манфиатҳои геополитикиашон ин зуҳуротро ба таври бевосита ва ё бавосита дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд, ҳатто онҳоро ҳамчун ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва ё ҷунбишҳои сиёсӣ эътироф ва ҳифз менамоянд.

Зикр кардан зарур аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ аз рўи ангезаҳои динӣ-сиёсӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта оғоз гардида, бо дигаргун сохтани шаклҳои фаъолияти худ то ҳол идома дорад. Омӯзиши таҷрибаи судиву тафтишотӣ нишон медихад, ки афкори ифротии ин гуна ташкилотҳо барои мардуми тоҷик бегона буда, асосан аз хориҷи кишвар таҳмил мешаванд.

Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худмуборизаро дар ин самт пурзӯр намуда, тавассути парламенти кишвар зина ба зина қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигарро қабул намудааст.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» дурнамои фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатиро бо назардошти ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирии экстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди босуботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат муайян намудааст.

Кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон танҳо ба манфиати мусалмонон, ақидаи бунёдкоронаи дини ислом ва ҷиҳати мубориза бо идеологияи таҳрифшудаи динии ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мебошанд, зеро ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон низ хатари ҷиддӣ эҷод кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷахонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти минтақавию ҷахонӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда мебошад.

                                Судяи суди ҳарбии гарнизони                                                                                                                                            Душанбе полковники адлия                                 Сайдализода Ш.