Маҷлиси идона бахшида ба «Рӯзи Модар»

6-уми марти соли ҷорӣ, дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҷамъомад бахшида ба «Рӯзи Модар – 8 март» доир гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намуда, таъкид намудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад».
Дар ҷамъомади мазкур сараввал Раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н., бонувони суд ва дар симои онҳо тамоми модарон ва бонувони мамлакатро бо фарорасии «Рӯзи Модар – 8 март» муборакбодӣ намуда, қайд карданд, ки модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне, дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, азиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад. Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.