Иштироки кормандони Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар Дави миллӣ

 19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзи «Дави миллӣ» бо тантана ва бо иштироки васеи сокинони шаҳр, кормадони ташкилоту корхонаҳо, наврасону ҷавонон, варзишгарон, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла кормандони Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид.
Кормандони Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз соати 07:00 дақиқа ба «Дави миллӣ» омода гашта, дар он фаъолона иштирок намуданд.
Варзиш кафили зебоӣ ва саломатӣ ба ҳисоб рафта, барои машғул шудан ба он тамоми шароити мусоид дар кишвар муҳайё буда ҳамасола теъдоди зиёди муассисаҳо ва майдончаҳои варзишӣ барои обу тоби бадан ба истифода дода мешавад.