ҲИРСИ ДУНЁ

             Файзулло Қалуғшоев, зодаи ноҳияи Фархор қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбемоҳи октябри соли 2005 барои содир кардани ҷиноят ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Лек ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ нисбат ба ӯ калонияи сукунат иваз мешавад. Сипас, соли 2012 дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ба озодӣ мебарояд. Баъди чанде бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо лақаби «Ҷангалӣ» шинос мегардад.

-Ошно, биё якҷоя як бизнес ташкил кунем-чӣ? – пас аз шиносӣ ва каме суҳбат дар миёни гап мегӯяд «Ҷангалӣ».

-Соҳиби пули зиёд шуда метавонем.

-Хуш, ошно, чӣ гуна бизнес будааст ?

-пас аз шунидани номи пул мароқ зоҳир мекунад Файзулло.

— Дар мулки афғон чи бисёр, маводи мухаддир, сари мақсад меояд Ҷангалӣ.

-Ман ба ватан рафта чи қадар, ки лозим бошад, овардан мегирам. Ин тарафи корро худат саришта карда тавонӣ, бойбача мешавӣ. Чӣ гуфти ошно?

Пулҳои бедардимиёнро тасаввур намуда, Файзулло худро дар осмони ҳафтум ҳис мекард.

-Ман розӣ,- посух дод ӯ. Ва ҳар ду дастони якдигарро сахт фишурданд.

Пас аз вохӯрӣ бо шиноси нави афғонаш Файзулло дар кӯчаҳои пойтахт сайркунон фикр дошт, ки бо пулҳои баъдан ба даст овардааш кайфу сафо хоҳад кард. Тифоқо бо хизматчии ҳарбӣ капитан Ниёзов Қ., вохӯрда монд. Ҳангоми суҳбат аён шуд, ки ҳар ду хешу табор будаанд. Пас Файзулло ба афсари ҳарбӣ натиҷаи суҳбаташро бо Ҷангалӣ иброз медорад.

-Беҳтарин кор, — хурсандона изҳор намуд афсари ҳарбӣ. –Ту , хешбача доруро пайдо кун, обу лой кардан ба гардани ман.

Ниёзов Қ., ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо шаҳрвандон Раҷаб Ҳофизов ва Мирзобадал Мирзоев дар бошишгоҳи саҳроӣ вохӯрда, мақсадашро ба эшон мефаҳмонад. Ҳар ду барои ҳамкорӣ бо ӯ розӣ мешаванд.

Ниёзов Қ., ба пойтахт баргашта Файзуллоро дарёфта, аз натиҷаи сафар ва маслиҳати «Бобарор»-аш ба ӯ ҳикоят мекунад. Ва хохиш мекунад, к ибо ошнояш ҳар ҷи тезта вохӯрда, маводи мухаддирро дастрас намояд. Вай бошад дарҳол пайи дарёфти ошнои афғонаш мешавад. Файзулло Ҷангалиро пайдо намуда, барор гирифтани корҳояшро ба ӯ баён месозад.

-Эҳ, қанд зан ошно,- аз чунин ранг гирифтани кор хушҳол шуда мегӯяд вай. –Рӯзҳои наздиктарин доруро бароят мерасонам.

Ҷангалӣ ба қавлаш устувор мемонад. Пас аз чанд рӯз назди Файзулло ҳозир шуда, изҳор медорад, ки дар фалон таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар бағоҷи мошини сабукраве маводи лозимаро гузоштааст.

-Акнун ошно, ин тарафаш ба ҳунари худат вобаста, -гӯён калидҳои сабукравро ба дасти Файзулло мечаспонад.

Файзулло дарҳол афсари хешашро пайдо намуда, аз натиҷаи корҳояш ӯро хабардор месозад. Вай бошад, барои интиқоли мавод бо ронандаи «Камаз» Садриддин Назаров бар ивази маблағи муайян маслиҳатро мекунад.

Ронанда Саидмурод Назаров маводи мухаддирро аз афсар Ниёзов Қ., дастрас намуда, роҳи вилояти Суғдро пеш мегирад. Ҳангоми азназаргузаронии мошини «Камаз» дар дидбонгоҳи БДА, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, ки онро ронанда Назаров С., идора дошт, беш аз 50 кило афюн ва зиёда аз 67 кило ҳашиш ёфт шуд.

Файзулло Қалуғшоев, ки пеш доғи судӣ дошт, аз он хулосаи дуруст набаровард. Он барояш дарси ибрат нагардид. Ҳирси дунё ӯро дубора паси паҷара кашид. Бо ҳукми суд вай 17 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Дигар ҷинояткорон низ ба ҷазои худ расиданд.

  •                                   Судяи суди ҳарбии
  •                                 гарнизони Душанбе
  •                                 майори адлия                                               Рустамзода М.Р.