Худшиносӣ – таҳкимбахши Ватандӯстиву меҳанпарастӣ

Ватандӯстиву меҳанпарастӣ рукни муҳим буда, ҳар инсонро водор мекунад, то ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад. Ватандӯстӣ муносибати муҳим нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.
Таърихи илмии форс-тоҷик ҳамеша ҳамҷун сарчашмаи ҳувиятсози миллат хизмат карадааст ва ҳар як фарди миллати моро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои гаронбаҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Бешубҳа бидуни омӯзиши илм ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад ва ё умуман аз байн меарвад. Агар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз осору таълимоти ниёгони худ чун Зардушту Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Хайёму Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Бедил, Айнӣ, ва дигарон огоҳ намебуд, чӣ мешуд? Дақиқан манқурт мешуд. Ҳамаи ин бузургон ва бисёр дигар нобиғаҳои миллати мо-моро дар чаҳорчӯбаи асили одамият, инсонмеҳварӣ, дар асоси арзишҳои бузурги инсондӯстӣ, ки хоси миллати эронинажодон аст, тарбият кардаанд. Таърихи ташаккули ин падида исботи он аст, ки нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастигӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷаъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Масъалаи худшиносии миллиро Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши <<Тоҷикон дар оинаи таърих>> дар чунин матлаб ифода кардаанд, ки рӯҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равони хонандаро ба таърихи азалии он наздик мебарад: <<Мо кием, аз куҷоем ва аз кадом дудмон сабзидаем? Нахуст аҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Забони модарӣ, расму ойини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?>>. Ин суолоти арзишманду мондагори Сарвари давлат ба ҳар як тоҷики ватандӯсту худшинос аст, ки бояд ҳар рӯз аз худ бипурсад ва ба посух додани ин пурсишҳо бикӯшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад. Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки барои амиқ дарк намудани моҳияти маънавии инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштанба маънавият ва фарҳанги дурахшони имрӯзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор мераванд.
Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва найрангбоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, шомил шудан ба ин гурӯҳҳоро инкор кардан аст. Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Маънидод кардани ин ибораҳо ба соатҳои зиёд ниёз дорад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар аз манфиат дур нест.
Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: <<Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад>>.
Имрӯз ҷавонони кишвар худшиносу худогоҳ ва дорои маърифати баланду зиракии сиёсӣ мебошанд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба рушди такомул ва ободию шукуфоии Тоҷикистон нигаронида шудааст, комилан, ҷонибдорӣ мекунанд.
Ёрдамчии Раиси суди
ҳарбии гарнизони Душанбе
подполковники адлия Собирзода Сӯҳроб