Хизматгурезӣ ва дуздии сарбоз

Хизматгурезӣ ва дуздии сарбоз

Агар сарбози қаторӣ ба Ватанаш содиқ бошад, набояд даст ба ҷиноят занад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан бояд содиқона ба Ватан хизмат карда, бо сари баланд ба пеши волидонаш баргардад. Вале…

Хоҷаев А.Р., санаи 15-уми ноябри соли 2018 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Лахш ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 0123 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда,  дар давраи адои хизматӣ ҳарбӣ бо фармони командири қисми ҳарбии 0123 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 то 29-уми июли соли 2019 ба рухсатӣ ҷавоб дода шуда, баъди ба охир расидани муҳлати рухсатӣ ба маҳали хизматаш барнагашта, дар баробари ҷинояти саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ даст ба содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ҳолати зерин задааст.

Чунончи, ӯ шаби 19-уми ноябри соли 2019 дар интернет-кафеи ба номи “Rampage” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш, ошёнаи дуюм бинои №5 хоб рафта, саҳарии санаи 20-уми ноябри соли 2019 соати 7:48 дақиқа пас аз хоб хестанаш дидааст, ки дар онҷо ҷабрдида  Раҷабов С.К., хоб буда дар паҳлуяш телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy A 40”  (рангаш сиёҳчатоб) гузошта шудааст. Ӯ аз ин фурсати барояш муносиб истифода намуда, ба назди номбурда рафта, бо тариқи пинҳонӣ телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy A 40”-и арзишаш 2200 сомониро тасарруф намудаву  аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Худи ҳамон рӯз ӯ телефони мобилии мазкурро дар назди бозори “Саховат” ба шаҳрванд Исматуллоев А.Ҳ., ба маблағи 500 сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Бо андешидани чораҳои тафтишотӣ, 12 –уми феврали соли 2020 телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy A 40” аз бародари Исматуллоев А.Ҳ., ёфта гирифта шудааст.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 10-уми марти соли 2020 Хоҷаев Алишер Раҳимович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 244 қисми 2 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ тибқи ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол таъин карда шуда, дар асоси қисми 1-и моддаи 68-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъини ҷазо барои маҷмӯи ҳукмҳо, муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 12-уми декабри соли 2019 бо моддаи 374 қисми 5-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъингардида, қисман ба ҷазои бо ҳукми нав таъингардида зам карда шуда, ба Хоҷаев Алишер Раҳимович ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду солу шаш моҳ бо адои ҷазо дар калонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

 

  • Муовини раиси
  •  Суди ҳарбии
  • Гарнизони Душанбе                          Искандарзода  Б.М.