Фирор кардан аз хизмати ҳарбӣ боиси маҳрум сохтани сарбоз гашт.

Сарбозе, ки дар вақти адои хизмати ҳарби саркаши намуда, роҳи фирорро пеш мегирад ба оқибати кори пешанамудаи худ фикр накарда, боиси маҳрум шудан аз озодӣ мегардад.

Судшаванда Юнусҷонов И.Ю., 30 октябри соли 2015 аз тарафи комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, барои адои хизмати ҳарбӣ ба баталёни кишоварзии Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, сафарбар карда шудааст.

Номбурда дар асоси фармони командири қисми ҳарбӣ №212 аз 2 ноябри соли 2015 ба руйхати ҳайати шахсӣ ва ба ҳама намуди таъминот дохил карда шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба ротаи 1-уми кишоварзӣ фиристонида шудааст.

Бо ҳамин судшаванда Юнусҷонов И.Ю., ҳангоми хизмати ҳарбӣ санаи 16 ноябри соли 2015, соати 06:00 дақиқаи субҳ бидуни сабабҳои узрнок ва бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ аз қисми ҳарбии мазкур худсарона баромада, ба манзили истиқоматиаш, яъне ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, кӯчаи Аҳрор Мухторов, хонаи №2 рафта расидааст.

Ҳамин тариқ, номбурда муддати як моҳ дар манзили истиқоматиашон қарор дошта, нисбати кирдори содирнамудааш пушаймони изҳор накарда, шахсан ягон маротиба кӯшиш ба маҳалли хизматаш баргаштанро нанамуда, балки 17 декабри соли 2015, мардикори ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намудааст. Таърихи 17 декабри соли 2018 баъди гузаштани 3-(се) сол аз ФР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст.

Бо ҳамин судшаванда Юнусҷонов И.Ю. аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш 3-(се) солу 2-(ду) моҳу 9-(нуҳ) шабонарӯз дур монда, вақтро бо салоҳдиди худ гузаронидааст. Рӯзи 25 январи соли 2019 номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-и шањри Истаравшани вилояти Суғд дар наздикии манзили истиқоматиашон дастгир карда шуда, ба тавқифгоҳи тафтишотии Я/Т №5-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Истаравшан ворид карда шудааст.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Юнусҷонов Идрис Юнусҷонович, бо моддаи 375 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатӣ 1-(як) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шавад.

Аз болои ҳукм дар муҳлати 10 шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

  •   Судяи ҳарбии
  •   гарнизони Душанбе
  • подполковники адлия                                     Лоиқзода Н.А.