Ҳар як кирдори ҷинояткорона сазовори ҷазо аст

 

Ҳар як кирдори ҳаракат ё беҳаракати ҷинояткоронае, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ содир мешавад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Кирдори ҷинояткорона сазовори ҷазо аст ва ҳеҷ як амали ҷинояткорона бе ҷазо намемонад.

Гарчанде кирдоре, ки аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ содир мешавад ва хизматчии ҳарбӣ ҷиноят будани кирдорашро намедонад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дар моддаи 42 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Мисол: Хизматчии ҳарбӣ , сарбози қатори Содиқов Носирҷон Шокирҷонович дар асоси қарори комисияи даъвати шаҳри Исфараи вилоти Суғд аз 23-уми октиябри соли 2017 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда, дар взводи алоқаи ротаи 16-уми алоҳидаи радиолокатсионӣ ба вазифаи дизелчи-барқчӣ  таъин карда шуда, то ҳол хизматкарда истодааст. Номбурда ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноят зад. Чунончи, 03-уми майи соли 2019 сарбози қаторӣ Содиқов Н.Ш. бо фармоиши командири қисми ҳарбии мазкур таҳти №123 аз 03.05 то 04..05 соли 2019 навбатдори ошхонаи ҳамин қисми ҳарбӣ  таъин гардида буд. Худи ҳамон рӯз тахминан соати 20:00 дақиқа ҳангоми дар ошхона қарор доштанаш барои истеъмоли хуроки шом ба ошхона хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 41008 сержанти хурд Салоҳидинхонов Ҷалолиддинхон Ҷамолиддинхонович, ки дар наряди патрулӣ буд бо ҳамроҳии ҳамхизмати худ сарбози қатори Шарипов Раҷабали Ғайратович омаданд. Ин ҷо Содиқов Н.Ш. аз сабаби он, ки хуроки шом то ҳол таёр  нашуда буд Салоҳиддинхонов Ҷ.Ҷ. ва Шарипов Р.-ро аз ошхона пеш менамояд. Аз ин  амал Содиқов Н.Ш. ба ҳайрат омада, Салоҳидинхонов Ҷ.Ҷ. ба ӯ оиди ҳарчӣ зудтар истеъмол намудани хуроки шом ва баргашта ба наряди патрули рафтанашон, мефаҳмонад. Содиқов Н.Ш, ки вазифаи навбатдори ошхонаро ба уҳда дошт, аз ин суханони Салоҳиддинхонов Ҷ.Ҷ, ба  ғазаб омада, нисбати охирин суханони қабеъ гуфта, аз  гиребони якдигар дошта ба берун ба қисмати ақиби бинои ошхона баромада ба мақсади нишон додани бартарии худ бар хилофи талаботҳои моддаҳои 4,5,6,7,10-и Оиномаи интизомӣ ва моддаҳои 8,9,13,16,17,35,64, 150-153  Оиномаи хизмати дохилии Қуваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтор карда, қоидаҳои оинномавии муносибатҳои  байни ҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар ҳолати набудани тобеъиятӣ хизматӣ дар байни онҳоро дағалона  вайрон намуда, сержанти хурд Салоҳиддинхонов Ҷ.Ҷ.-ро бо мушти дасти росташ ду-се маротиба ба чашми росташ зарба зада ҷароҳати ҷисмони расонидааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ,  таҳти №31 дида мешавад, ки дар бадани хизматчии ҳарбӣ сержанти хурд Салоҳиддинхонов Ҷ.Ҷ.,  ҷароҳати ҷисмонӣ дар намуди хуномос ва хунрезиш дар мавзеи чашми рост муаян шуда, ин ҷароҳатҳо  оқибати тезгузарони дошта, мансуб ба зарари саломатӣ дониста нашудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Содиқов Носирҷон Шокирҷонович бо моддаи 373 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ин қисми модда ба ӯ  ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 1 (як) сол ҷазо таъин карда шуд.

Дар асоси моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда, нисбати Содиқов Носирҷон Шокирҷонович шартан татбиқ карда нашуда барои ислоҳшави ба ӯ 1 ( як ) сол муҳлати санҷиш таъин карда шуд.

Назорат аз болои рафтори минбаъдаи Содиқов Носирҷон Шокирҷонович дар мӯҳлати санҷиш ба зиммаи Фармондеҳии қисми ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, вогузор карда шуд.

Нисбати ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавасссути ҳамин суд шикоят ё  эътирози кассатсионӣ  овардан мумкин аст.

 

Раисикунанда:                                                  Саидзода З.С.