Ғайриқонуни истифода бурдани маблағҳои давлати боиси ба ҷавобгарии ҷинояти кашидан гардид.

Ғайриқонуни истифода бурдани маблағҳои давлати боиси ба ҷавобгарии ҷинояти кашидан гардид.

Судшаванда Мирзобоева Машҳура Исломовна дар вазифаи Сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Дӯзандагӣ” назди Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият карда, 16 июли соли 2018 бо Агентии номбаршуда, (АТАМ) шартномаи №41/18 оид ба истеҳсол ва интиқоли амволи шайъӣ ба маблағи умумии 8 493 420 сомонӣ ба расмият дароварда, уҳдадор гардидааст, ки бо ҳамин маблағи пулӣ ба АТАМ сару либоси ҳарбӣ дӯхта диҳад. Дар ҳамин замина, аз тарафи Агентӣ оѓоз аз моҳи июли соли 2018 ба суратҳисоби корхона дар Филиали №38 Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар шаҳри Бӯстон 17 июли соли 2018 маблағи пулии 1 000 000 сомонӣ, 24 августи соли 2018 маблағи пулии 500 000 сомонӣ, 10 октябри соли 2018 маблағи пулии 500 000 сомонӣ ва 24 октябри соли 2018 маблағи пулии 500 000 сомонӣ, ҷамъ маблағи умумии 2 500 000 сомонӣ даромад шудааст. Мирзобоева М.И., бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва тасарруфи молу мулки ғайр, ки дар ихтиёри ӯ мебошад, бо шиносаш соҳибкори инфиродӣ Гулаков Нусратулло Боймирзоевич, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум машғул буд, маслиҳати пешакӣ доир намудааст, ки матоъ барои дӯхти шим ва костюми тобистонаю зимистонаи комуфляжии рангашон зард ва сабзро барои таъминоти сохтори Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар харидорӣ кунанд. Зимни маслиҳати пешакӣ Гулаков Н.Б. ба Мирзобоева М.И. пешниҳод кардааст, ки тавассути шиноси худ шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Сио Шинг метавонад, ки як метр матоъ барои дӯхти либоси ҳарбии комуфляжиро бо арзиши 27 сомонӣ дастрас карда, онро тавассути дилхоҳ ширкат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид сохта ба Мирзобоева М.И., супорад. Мирзобоева М.И., бошад мақсад гузоштааст, ки матои бо нархи паст воридшударо тавассути ширкатҳои ватанӣ бо нархи барзиёд ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба амбори корхонааш даромад намуда, онро барои дӯхти шим ва костюми тобистонаю зимистонаи комуфляжии рангашон зард ва сабз истифода намуда, молҳои дӯхташударо барои таъминоти сохтори Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд супорад.

Тибқи маслиҳати пешакӣ, Мирзобоева М.И., бо истифодаи ваколати мансабдорӣ аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисоби корхонааш мавҷудбуда 26 июли соли 2018 бо чеки хазинавии №0204402 маблағи пулии 990 000 сомонӣ ва 24 августи соли 2018 бо чеки хазинавии №0204403 маблағи пулии 495 000 сомонӣ, љамъ маблағи умумии 1 485 000 сомонӣ ба таври нақдӣ гирифта, дар давоми моҳи июл-августи соли 2018 дар вақтҳои гуногун ба Гулаков Н.Б., маблағи пулии 1 157 700 сомонӣ барои аз ҶХХ харидорӣ ва дастрас кардани 42 877, 8 метр матоъи ҳарбӣ додааст. Гулаков Н.Б., тӯли моҳҳои июл-августи соли 2018 тариқи шабакаи иҷтимоии “Вичат” бо соҳибкори ҶХХ Сио Шинг дар тамос шуда, тариқи дастгоҳи маблағгузаронии бонкҳои ҷумҳурӣ маблағи пулии аз Мирзобоева М.И., қабулнамударо ба корти пардохтии номбурда гузаронидааст. Давоми моҳҳои июл-сентябри соли 2018 Сио Шинг дар маҷмӯъ 2 маротиба матоъи ҳарбиро тавассути ширкати интиқолдиҳандаи молҳо ҶДММ “Парламент 2018” бо супоридани боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид сохта, ба терминали дар маҳаллаи “Чашма”-и шаҳри Хуҷанд ҷойгирбуда фиристонидааст. Минбаъд, Мирзобоева М.И., тибқи гуфтаи Гулаков Н.Б., дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2018 аз терминали зикршуда 42 877, 8 метр матоъи комуфляжиро бидуни борхат қабул карда гирифта, ин миқдор матоъро тавассути автомашинаҳои мусофиркашонӣ то анборҳои корхонааш интиқол дода, барои дӯхти либосҳои ҳарбӣ истифода намудааст.

Номбурда ҷиҳати расидан ба ҷиятҳои ниҳоии худ оид ба даст овардани даромади муфт, моҳҳои октябр-ноябри соли 2018 ба роҳбари ҶДММ “Кафолат Азия” шаҳрванд Эргашев Мирзошавкат Фарҳодович пешниҳод кардааст, ки 42 877, 8 метр матоъи комуфляжии бо нархи арзон ба даст овардаашро аз номи ширкаташ ба корхонаи дӯзандагӣ хароҷотшуда ҳуҷҷатгузорӣ намуда, барои ин ҷиҳати пардохти қарзҳои андозҳои ширкаташ маблағи пулии 50 000 сомонӣ гирад. Эргашев М.Ф., ба ин таклифи Мирзобоева М.И., розӣ шуда, номбурдагон аз рӯи маслиҳати пешакӣ бархилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал карда, бидуни гузаронидани тендер тариқи сохтакорӣ шартномаи берақамро оид ба аз ҷониби ҶДММ “Кафолат Азия” ба корхонаи дӯзандагӣ таъмин намудани молҳо барои дӯхти либосҳои ҳарбӣ баста, онро ҳарду имзо намуда, муҳргузорӣ кардаанд.

Сипас, Мирзобоева М.И., бо Эргашев М.Ф., 5 адад протоколҳои мутобиқати нарх аз санаҳои 9 июли соли 2018, 10 сентябри соли 2018, 2 октябри соли 2018, 15 октябри соли 2018 ва 2 ноябри соли 2018 тартиб дода, дар он арзиши матоъи барои дӯхти шим ва костюми тобистонаю зимистонаи комуфляжии рангашон зард ва сабзро барои таъминоти сохтори Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳаҷми 33 сомонӣ барои як метр нишон доданд. Дар ҳамин асос, Эргашев М.Ф., моҳҳои октябр-ноябри соли 2018 бо роҳи сохтакорӣ варақаҳои даромади хазинавии №59 аз 31 июли соли 2018 ба маблағи пулии 927 789 сомонӣ, №63 аз 30 августи соли 2018 ба маблағи пулии 252 381 сомонӣ, №108 аз 29 октябри соли 2018 ба маблағи пулии 242 355 сомонӣ ва №108 аз 30 октябри соли 2018 ба маблағи пулии 304 320 сомонӣ омода карда, онро имзо ва муҳргузорӣ намуда, маблағи умумии 1 726 845 сомониро дар хазинаи худ гӯё аз Корхонаи воҳиди давлатии “Дӯзандагӣ” даромадшуда нишон додааст. Мирзобоева М.И., бошад моҳҳои октябр-ноябри соли 2018 бо истифодаи ваколати мансабдорӣ бо роҳи сохтакорӣ ваколатномаҳои №1 аз 9 июли соли 2018 доир ба қабули молҳо барои дӯхтани либосҳо аз ҶДММ “Кафолат Азия” ба маблағи пулии 1 180 170 сомонӣ, №3 аз 10 сентябри соли 2018 оид ба қабули молҳо ба маблағи 304 320 сомонӣ, №4 аз 2 октябри соли 2018 оид ба қабули молҳо ба маблағи 242 355 сомонӣ, №5 аз 15 октябри соли 2018 вобаста ба қабули молҳо ба маблағи 501 413 сомонӣ ва №7 аз 02 ноябри соли 2018 доир ба қабули молҳо ба маблағи 204 084 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 2 432 342 сомонӣ омода карда, дар он мудири амбори корхонааш шаҳрванд Шарипова Гавҳар Садикбаевнаро ҳамчун қабулкунандаи ин молҳо нишон дода, онро имзо ва муҳргузорӣ намудааст. Баъдан Мирзобоева М.И. бо истифодаи боварӣ дар ин ваколатномаҳо имзои Шарипова Г.С.-ро ҳамчун қабулкунандаи молҳо аз ҶДММ “Кафолат Азия” гирифта, ваколатномаҳоро ба Эргашев М.Ф., пешниҳод кардааст.

Дар навбати худ Эргашев М.Ф., бо роҳи сохтакорӣ борхатҳои қалбакии №223 аз 9 июли соли 2018 ба маблағи 1 180 170 сомонӣ, №371 аз 10 сентябри соли 2018 ба маблағи 304 320 сомонӣ, №386 аз 2 октябри соли 2018 ба маблағи 242 355 сомонӣ, №450 аз 15 октябри соли 2018 ба маблағи 501 413 сомонӣ ва №452 аз 2 ноябри соли 2018 ба маблағи 204 084 сомонӣ тартиб дода, дар дохили ин борхатҳо 42 877, 8 метр матоъи барои дӯхти шим ва костюми тобистонаю зимистонаи комуфляжии рангашон зард ва сабзро ба маблағи пулии 1 414 967, 4 сомонӣ ҳамчун ба Корхонаи воҳиди давлатии “Дӯзандагӣ” таъмин намуда нишон додааст. Мирзобоева М.И., борхатҳои зикршударо аз Эргашев М.Ф., бозпас қабул карда, дар борхатҳо бо сӯистифодаи боварӣ имзои Шарипова Г.С.-ро ҳамчун борқабулкунанда гирифта, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ 42 877, 8 метр матоъро бо арзиши 33-сомонӣ барои як метр, ҷамъ ба маблағи умумии 1 414 967, 4 сомонӣ ба амборҳои корхона даромад намуда, бо ин ҳуҷҷатҳои муҳосибии қалбакӣ омодакардааш қарздории корхонаи дӯзандагиро аз ширкати Эргашев М.Ф., дар њаљми 705 497 сомонї муайян намуда, аз њисоби барзиёд нишон додани нархи матоъ дар ҳаҷми 6 сомонӣ барои ҳар як метр маблағи пулии 257 266, 8 сомониро азонихуд карда, ба манфиатҳои шахсиаш сарф намуда, ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Мувофиқи санади Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2018 оид ба тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхонаи воҳиди давлатии “Дӯзандагӣ” назди АТАМ дар вилояти Суғд аз тарафи Мирзобоева М.И., аз ҳисоби харидории 42 877, 8 метр матоъи комуфляжи бо назардошти фарқияти нарх арзиши матоъ дар борхатҳо ба маблағи пулии 257 266, 8 сомонӣ зиёд нишон дода шуда, ба буҷет бо ҳамин маблағ зарари молиявӣ расонида шудааст.

Илова ба ин, судшаванда Мирзобоева М.И., вазифаи дар боло зикршударо иҷро карда, кирдорҳои худро ҷиҳати аз қочоқи амволи шайъӣ ба даст овардани фоидаи муфт идома дода, такроран миёнаҳои моҳи июли соли 2018 бо сардори шуъбаи Агентӣ дар вилояти Суғд, подполковник Бойзода Саид Турсунмурод ва соҳибкори инфиродӣ Гулаков Нусратулло Боймирзоевич маслињати пешакї доир намуданд, ки љињати баланд бардоштани таъминоти ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо роҳи қочоқ аз Аида ном шиносаш, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон буда, дар бозори “Мадина”-и шаҳри Бишкек ҳамчун соҳибкор ба фурӯши матоъҳои ҳарбӣ машғул аст, 1500 ҷуфт костюм ва шими зимистонаи комуфляжии рангаш сабзро ба маблағи пулии 235 сомонӣ барои як ҷуфт дастрас намояд. Аз рӯи маслиҳати доиршуда Мирзобоева М.И. бо Гулаков Н.Б., вохӯрӣ бо Аида ва гузаронидани гуфтушунидро баҳри интиқоли маблағҳои пулӣ барои харидории костюм ва шим, бо роҳи қочоқ бидуни назорати гумрукӣ интиқол додани онҳо ва дастрас кардани онро то ба амборҳои шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд ба уҳда гирифтанд. Подполковник Бойзода С.Т., бошад уҳдадорӣ гирифтааст, ки масъалаи даромад намудани костюм ва шимро ба амборҳои шуъба ташкил намуда, минбаъд онро ҳамчун аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Дӯзандагӣ” дӯхташуда ҳуҷҷатгузорӣ карда, ба сохторҳои ҳарбӣ таъмин менамояд. Мирзобоева М.И., тибқи маслиҳат амал карда, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисоби корхонааш мавҷудбуда 26 июли соли 2018 бо чеки хазинавии №0204402 маблағи пулии 990 000 сомонӣ, 24 августи соли 2018 бо чеки хазинавии №0204403 маблағи пулии 495 000 сомонӣ, санаҳои 10, 11 ва 24 октябри соли 2018 бошад бо чекҳои хазинавии №0204404, №0204405, №0204406 маблағи пулии 961 320 сомонӣ ба таври нақдӣ гирифта, аз ин шумора маблағи пулии 352 500 сомониро барои ба Аида фиристонидан ҷудо намудааст. Дар давоми моҳҳои июл-октябри соли 2018, Мирзобоева М.И., мунтазам бо Аида тариқи телефони мобилӣ дар тамос шуда, як қисми маблағҳои пулиро бо дархости Аида тавассути автомашинаҳои мусофиркашонии самти Ҷумҳурии Қирғизистон ба номбурда фиристонида, қисми дигари маблағњоро ба Гулаков Н.Б., додааст. Санаи 29 июли соли 2018 Гулаков Н.Б., аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон парвоз намуда, онҷо бо Аида вохӯрда, боқимонда маблағи пулиро бо номбурда ҳисобӣ намуда, бо ин роҳ маблағи умумии 352 500 сомониро ба Аида дастрас карданд. Зимнан, бо супориши Мирзобоева М.И., соҳибкори инфиродӣ Гулаков Н.Б., аз ҷумлаи 1500 ҷуфт костюм ва шими комуфляжии зимистона 1200 ҷуфти онро аз Аида гирифта, онро дар ҷояш бастабандӣ намуда, барои тариқи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додан омода карда, ба Улан ном шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ҳаммаслаки Аида мебошад, супоридааст. Санаи 2 августи соли 2018 бошад Гулаков Н.Б., ҳамчун намуна як ҷуфт либосҳои комуфляжии зимистонаро аз Аида гирифта, тавассути нуқтаи назорати сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара бозпас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, бо Мирзобоева М.И., дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вохӯрда намунаи либосро супорида, оид ба натиҷаи вохӯриаш бо Аида маълумот додааст.

Баъди қабул кардани маблағҳои пулӣ, Аида бо Мирзобоева М.И., дар тамос шуда, маблағи пулии роҳкиро ва интиқоли либосҳои ҳарбиро тариқи қочоқ дар њаҷми 520 доллари ИМА муайян карда, Мирзобоева М.И., барои интиқоли борҳо бо ин маблағ розигӣ дода, дар як вақт рақамҳои телефони ҳаммасалаки Аида бо номи “Талант”, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон буда, либосҳои ҳарбиро бояд тариқи қочоқ интиқол медод, гирифтааст. Рӯзи 12 октябри соли 2018 Аида тавассути “Талант” бо нақлиёти боркаш 700 ҷуфт костюм ва шими комуфляжии зимистонаи барои ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва Кумитаи њолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пешбинишударо ба манзили истиқоматии бо ҳамин мақсад ба иҷорагирифтаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Аъзамҷон Абдулҳаевич воқеъ дар суроғаи деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки вилояти Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол дода, фаровардааст. Мирзобоева М.И., 13 октябри соли 2018 аз “Талант” рақамҳои телефони мобилии 92 619 76 48 мансуб ба Каримов А.А., ва рақами телефони мобилии 92 917 33 00 мансуб ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймонов Ҷонибек Маннонович, ки ҳаммаслакони Талант ба ҳисоб рафта, масъалаи қабули молҳои бо роҳи қочоқ интиқолёфта ва дастрас кардани онро ба соҳибони он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда доштанд, гирифтааст. Мирзобоева М.И., бо рақамҳои телефони мобилии худ 92 777 84 35 бо Сулаймонов Ҷ.М. ва Каримов А.А., дар тамос шуда, оид ба аз тарафи Талант то минтақаҳои наздисарҳадии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол ёфтани 700 ҷуфт либосҳои комуфляжӣ хабар ёфтааст.

Тибқи супориши Мирзобоева М.И., ва маслиҳати Сулаймонов Ҷ.М., шаҳрванд Каримов А.А., бо бародараш Каримов Азимҷон Абдулҳаевич 700 ҷуфт либосҳои комуфляжии зимистонаро, ки миқдори калонро ташкил медод, ба автомашинаи мусофиркашонии тамғаи “Мерседес Спиринтер”, рақамҳои қайди давлатиаш “22 10” мансуб ба ронанда бо номи “Баҳодур” бор карда, аз деҳаи Борбордуки Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ бидуни назорати гумрукӣ тавассути хатти сарҳади давлатии минтақаи наздисарҳадии наздикии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гардиши роҳи мошингарди шаҳри Бӯстон интиқол доданд. Мирзобоева М.И. бо Каримов А.А. ва бародари номбурда вохӯрда, тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес Бенс” автомашинаи боркаши дохилаш 700 ҷуфт либосҳои ҳарбии бо роҳи қочоқ ба даст овардашударо роҳбаладӣ намуда, то бинои шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Бӯстон овардааст. Тибқи маслиҳати пешакӣ Бойзода С.Т., 700 ҷуфт костюм ва шими комуфляжии зимистонаро тавассути намояндагони амборҳои шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд қабул карда, ба амборҳо ҷой кардааст.

Аз 14 то 27 октябри соли 2018 Мирзобоева М.И., ва ҳаммаслаконаш интизори қочоқи боқимонда 800 ҷуфт либосҳои комуфляжии рангаш сабз шуда, Мирзобоева М.И., мунтазам бо Аида ва Талант дар тамос гардида, номбурдагон интиқоли боқимонда либосҳои ҳарбиро ба 28 октябри соли 2018 гузоштанд. 28 октябри соли 2018 бо хоҳиши Мирзобоева М.И., ва маслиҳати Бойзода С.Т., шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Аида боқимонда 800 ҷуфт костюм ва шими комуфляжии зимистонаро тавассути “Талант” ба манзили истиқоматии Каримов А.А., воқеъ дар суроғаи деҳаи Борбордуки, ноҳияи Лайлаки вилояти Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол дода фаровардааст. Мирзобоева М.И., 28 ва 29 октябри соли 2018 бо воситаи “Талант” ба Каримов А.А. ва Сулаймонов Ҷ.М., дар тамос шуда, дар хусуси то манзили зисти Каримов А.А., дастрас шудани 800 ҷуфт либосҳои комуфляжӣ хабар ёфтааст.

Санаи 29 октябри соли 2018 тибқи гуфтаи Мирзобоева М.И., шаҳрванд Каримов А.А., бо бародараш Каримов Азимҷон Абдулҳаевич 800 ҷуфт либосҳои комуфляжии зимистонаро, ки миқдори калонро ташкил медод, ба автомашинаи шахсии худ тамғаи “Мерседес Спринтер”, рангаш сафед, рақамҳои қайди давлатиаш КА 3577 02 ТҶ бор намуда, аз деҳаи Борбордуки Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ бидуни назорати гумрукӣ тавассути хатти сарҳади давлатии минтақаи наздисарҳадии наздикии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили зисти язнааш воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Зафар, хонаи 6 интиқол дода, барои муваққатан нигоҳдорӣ дар саҳни ҳавлӣ фароварда, ба язнааш Ҳакимов Мирзомурод Мирзокалонович супориданд. Бо сабаби дар ҳудуди ноҳияи Данғара қарор доштан Мирзобоева М.И., бо Бойзода С.Т., дар тамос шуда, оид ба ворид шудани 800 ҷуфт либосҳои комуфляжӣ хабар дода, хоҳиш намудааст, ки маблағи интиқоли онро то ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба язнааш Ҳакимов М.М., диҳад. Бойзода С.Т., розӣ шуда, бо Ҳакимов М.М., вохӯрда, аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш маблағи пулии роҳкироӣ интиқоли 800 ҷуфт либосҳои комуфляжиро дар ҳаҷми 300 доллари ИМА ба номбурда додааст.

Бо супоришаш худи Ҳакимов М.М., аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш 220 доллари ИМА ба маблағи пулии додани Бойзода С.Т., зам намуда, маблағи умумии 4 800 сомонӣ баробар ба 520 доллари ИМА-ро ба Каримов А.А., додааст. Минбаъд бо гуфтаи Мирзобоева М.И., шаҳрванд Ҳакимов М.М., 800 ҷуфт либосҳои комуфляжии зимистонаро тавассути автомашинаҳои боркаш ба шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Бӯстон интиқол дода, бо супориши Бойзода С.Т., ин либосҳоро намояндагони амборҳои шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд ҳамчун аз корхонаи дӯзандагӣ дӯхташуда қабул карда, ба амборҳои шуъба ҷой кардаанд.

Минбаъд, Мирзобоева М.И., дар давоми моҳи октябри соли 2018 борхатҳои қалбакии №19 аз 13 октябри соли 2018 ва №29 аз 29 октябри соли 2018-ро омода намуда, дар он маълумотҳои бараъло бардурӯғро дар хусуси аз ҷониби корхонааш дӯхта ба шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд супоридани 1500 ҷуфт костюм ва шими комуфляжии зимистона бо гиребони мӯина ва шеврон арзиши ҳар яки он 425 сомонӣ, ҷамъ бо маблағи умумии 637 500 сомонӣ дарҷ намудааст. Сипас, Мирзобоева М.И., ин борхатҳоро барои ҳисобӣ намудан ба шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд пешниҳод намуда, бо ин роҳ аз ҳисоби барзиёд нишон додани арзиши либосҳои ҳарбӣ маблағи пулии 285 000 сомониро азонихуд карда, ба манфиатҳои шахсии худ сарф кардааст.

Мувофиқи санади (фосилавӣ) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2018 оид ба тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхонаи воҳиди давлатии “Дӯзандагӣ” назди Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз тарафи Мирзобоева М.И., дар асоси ду борхати молӣ бо роҳи барзиёд нишон додани нархи 1500 ҷуфт костюм ва шими комуфляжии зимистона маблағи пулии 285 000 сомонӣ зиёд нишон дода шуда, ба буҷет бо ҳамин маблағ зарари молиявӣ расонида шудааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-молшиносӣ таҳти №21/4033/2019 с. аз 18 январи соли 2019 як ҷуфт костюм ва шими зимистонаи комуфляжӣ бо тамғагузории дорои навиштаҷоти “КG Made in Kyrgyzstan Size 48” истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон буда, арзишаш маблағи пулии 420 сомонӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ 1500 ҷуфти он маблағи пулии 630 000 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, судшаванда Мирзобоева М.И., дар ду лаҳза бо истифодаи ваколати мансабдорӣ маблағҳои буҷетиро дар ҳаҷми 542 266, 8 сомонӣ азонихуд карда, ба манфиатҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ба ҳамин монанд, Мирзобоева Машҳура Исломовна такроран бо мақсади аз тасарруфи молу мулки ғайр ба даст овардани фоидаи моддӣ, новобаста аз он, ки тибқи басти воҳидҳои вазифавии кормандони сехи дӯзандагӣ аз 11 июни соли 2018 вазифаи “дӯзандаи хонагӣ” пешбинӣ нашуда будааст, давоми моҳҳои июн-июли соли 2018 бо истифодаи ваколати мансабдорӣ аризаҳо ва нусхаҳои шиносномаҳои шаҳрвандии шаҳрвандон Фозилова Саидхон Насруллоевна, Баротова Анбархон Мирзоғайбуллоевна, Бобоҷонова Марҳабо Ҷӯрабоевна, Саидова Мӯмина Ғаниевна, Файзиева Шарифаҷон Маноновна, Тоирова Шоира Рақибовна, Ғафурова Мавлуда Сатторовна, Носирова Мавлудахон Давронҷоновна, Султонова Шоҳида, Рақибовна ва Рустамова Шавкатпочо Ҳотамовна, ҷамъ 10 нафарро бо баҳонаи ба ҳайси “дӯзандаи хонагӣ” ба кор қабул карданашон гирифтааст. Минбаъд, бо супориши ӯ ба шаҳрвандон Фозилова С.Н., Баротова А.М., ва дигарон ба муҳлатҳои гуногуни шартномаҳои намунавии қабул намудан ба вазифаи муайян омода карда шуда, дар ин шартномаҳо имзоҳои шаҳрвандон Фозилова С.Н., Баротова А.М., ва дигарон гирифта шудааст. Сипас, ӯ ба Ахмедова С.Н., супориш додааст, ки доир ба ҳайси “дӯзандаи хонагӣ” ба кор қабул кардани шаҳрвандон Фозилова С.Н., Баротова А.М. ва дигарон фармоишҳои роҳбари корхонаро омода карда пешниҳод кунад. Ахмедова С.Н., тибқи супориши ӯ фармоишҳои берақамро оид ба ҳайси “дӯзандаи хонагӣ” ба кор қабул кардани Фозилова С.Н., Баротова А.М., ва дигарон омода карда, ӯ ба ин фармоишҳо имзои худро гузошта, дурустии ин фармоишҳоро тасдиқ карда, номбурдагонро ҳамчун “дӯзандаи хонагӣ” гӯё ба кор қабул кардааст.

Дар ҳамин асос, ӯ дар давоми моҳҳои июн-августи соли 2018 бо мақсади азонихудкунӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки дар ихтиёри ӯ мебошад, ба муҳосиби корхонааш Султонова Шаҳодатхон Сатторовна супориш додааст, ки аз ҳисоби маблағи пулии музди меҳнати ба кормандон ҷудошуда, ба номи шаҳрвандон дар болозикр ҷамъ 10 нафар дӯзандагони хонагӣ, ки машғули кор набуда, дар сехҳо ва манзили зисташон умуман фаъолияти дӯзандагӣ надоштанд, ведомостҳои тақсимоти маблағҳои пулии музди меҳнат омода кунад. Султонова Ш.С., бо гуфтаи ӯ ведомостҳои зикршударо дар моҳҳои июн-августи соли 2018 омода карда, дар онҳо маълумотҳои бардуруғро дар хусуси ба Фозилова С., Баротова А.М., ва дигарон дар моҳи июни соли 2018 бо ведомости пардохтӣ №1 пардохт намудани маблағи пулии 9620 сомонӣ, дар моҳи июли соли 2018 бо ведомости пардохтӣ №2 пардохт намудани маблағи пулии 9727 сомонӣ ва дар моҳи августи соли 2018 бо ведомости пардохтии берақам пардохт намудани маблағи пулии 6814 сомонӣ дарҷ карда, ведомостҳоро ба ӯ пешниҳод намудааст. Ӯ бо ведомостҳо шинос шуда, дидаю дониста, ки дар ин ведомостҳо маълумотҳои бараъло бардуруғ дарҷ гардида, пардохтӣ музди меҳнати моҳонаи ин кормандон ғайриқонунӣ аст, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ, ҷиҳати ба даст овардани фоидаи моддӣ ин ведомостҳоро бо имзои худ тасдиқ намуда, бо роҳи фиреб дар он имзои муҳосиби корхонааш Султонова Шаҳодатхон Сатторовнаро гирифта, ин маблағҳои пулиро нақди аз хазинаи дар ихтиёраш буда, қабул карда гирифта, ба дӯзандагон надода, ҷамъ маблағи умумии 26 161 сомониро азонихуд карда, ба манфиатҳои шахсии худ сарф карда, ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари моддӣ расонидааст.

Мувофиқи санади Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2018 доир ба тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхонаи воҳиди давлатии “Дӯзандагӣ” назди Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз тарафи Мирзобоева М.И. аз ҳисоби маблағи пулии буҷети давлатӣ бо роҳи ба 10 нафар дӯзандагони хонагӣ беасос пардохтӣ музди меҳнати моҳҳои июн-августи соли 2018 маблағи умуми 26 161 сомонӣ азони худ кардашуда, зарари молиявӣ расонида шудааст.

Судшаванда Бойзода С.Т., Сардори шуъбаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, зимни дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар сафари хизматӣ қарор доштанаш бо хоҳиши сардори шуъбаи молия ва ҳисобдории ҳамин Агентӣ, полковник Асомидини Мирзосаид Саид 4 ноябри соли 2018 соати 13:23 дақиқа аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматии худ баромада, бархилофи талаботҳои Оинномаҳои ҳарбӣ ва вазифаҳои хизматии худ амал намуда, аз рақамҳои телефони мобилии худ 900 70 50 50 ба рақамҳои телефонии 900 44 88 66 мансуб ба зертобеаш афсари калони шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд, майор Шарипов Мақсудҷон Муродович занг зада, супориш додааст, ки як адад борхати қалбакӣ оид ба аз шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол додани 1360 ҷуфт шиму костюми сохтори милитсия, ки бояд аз ҷониби Асомидини М.С., бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол мешуданд, тартиб дода, онро ба ҳаммаслаки Асомидини М.С. — Сулаймонов Ҷонибек Маннонович диҳад.

Худи ҳамон рӯз, Каримов Азим Абдулҳаевич 1360 адад костюмҳои сохтори милитсия, ки миқдори калонро ташкил медод ба автомашинаи шахсии худ тамғаи “Мерседес Спринтер”, рангаш сафед, рақамҳои қайди давлатиаш КА 3577 02 ТҶ бор намуда, аз деҳаи Борбордуки Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ бидуни назорати гумрукӣ тавассути хатти сарҳади давлатии минтақаи наздисарҳадии наздикии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Бӯстон овардааст. Бо супориши Асомидини М.С., автомашина бо 1360 адад костюмҳо аз ҷониби амборчии ин шуъба, хизматчӣ Ҷуразода Пайрав Зиёбой қабул карда шуда, дар амборчаи №5-уми амбори №1-и шуъба ҷой карда шудааст.

Сипас, бо супориши Бойзода С.Т., зертобеаш Шарипов М.М., бо Сулаймонов Ҷ.М. бо дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намуда, Шарипов М. М. барои аз амбори шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд то ба шаҳри Душанбе интиқол намудани 1360 адад костюмҳои сохтори милитсия борхати қалбакӣ бо штампи чоркунҷаи шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд тартиб дода, онро ба Сулаймонов Ҷ.М. додааст. Ҳамон лаҳза, Сулаймонов Ҷ.М., ин борхатро ба ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Волксваген” рақами қайди давлатиаш 46-46 СА 02 ТҶ шаҳрванд Раупов Абдурауф Абдурашидович дода, маслиҳат намуданд, ки рӯзи дигар аз шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд костюмҳоро дар автомашинаи худ бор карда, то ба шаҳри Душанбе бурда расонида, маблағи пулии роҳкирои онро аз шаҳри Душанбе қабул карда мегирад.

Санаи 5 ноябри соли 2018 ронанда Раупов А.А., бо автомашинаи худ ба шуъбаи АТАМ дар вилояти Суғд ҳозир шуда, аз амбори ин шуъба 1360 адад костюмҳои сохтори милитсия иборат аз 136 қуттиҳои қоғазинро ба автомашинааш бор намуда, ин маводҳои пӯшокаи бо роҳи қочоқ интиқолшударо бо борхати қалбакии омоданамудаи Шарипов М.М., бе мамониат то манзили истиқоматии ҳаммаслаки Асомидини М.С. — Қурбонзода Суҳроб Саид воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Шодмонӣ, хонаи 20 интиқол дода, фаровардаанд.

Санаи 6 ноябри соли 2018 Қурбонзода С.С., дар манзили истиқоматии худ бо кӯмаки додараш Давлатшоҳи С. 1360 адад костюмро бо 1360 адад шими қаблан бо роҳи қочоқ аз Федератсияи Россия интиқолдодааш якҷоя намуда, мувофиқ кунониданд. Минбаъд онњо 1360 ҷуфт шиму костюми сохтори милитсияро ба автомашинаи боркаши тамғаи “Газел-Валдай”, рақами қайди давлатиаш 93-35 СЕ 01 ТҶ зери идораи ронанда Саидов Тоир Саидович бор намуда, барои иваз кардани тугмаҳои костюмҳо бо тугмаҳои сохтори милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди бинои ҶДММ «Ёқут-2000» равона шуданд.

Соати 20:00 дақиқаи ҳамон рӯз, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон автомашинаи боркаши тамғаи “Газел-Валдай”, рақами қайди давлатиаш 93-35 СЕ 01 ТҶ дар назди бинои ҶДММ «Ёқут-2000» нигоҳ дошта шуда, аз бордони он 1340 Ҷуфт шиму костюми сохтори милитсияи бо роҳи қочоқ ба даст омада ёфта гирифта шуд. Бойзода С.Т., бо фаҳмидани ҳолати бо роҳи қочоқ дастрас шудани 1360 адад костюмҳои сохтори милитсия ва аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудани он, миёнаҳои моҳи ноябри соли 2018 бо шаҳрванд Раупов А.А., тариқи телефонӣ дар тамос шуда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд вохӯрӣ доир карданд. Онҷо Бойзода С.Т. аз Раупов А.А., борхати қалбакии интиқоли 1360 адад костюмҳои сохтори милитсияро талаб карда гирифта, бо сабаби қалбакӣ будани борхат онро несту нобуд кардааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-молшиносӣ таҳти №21-3588/2018 с. аз 11 декабри соли 2018, 1340 ҷуфт шиму костюми сохтори милитсия, ки барои ташхис пешниҳод шудаанд истеҳсоли Федератсияи Россия буда, аз рӯи сохт ва ранг аз ҳамдигар фарқ намуда, арзиши як адад шим 139 сомонӣ ва арзиши як адад костюм 465, 3 сомонӣ буда, арзиши умумии як ҷуфт шиму костюм маблағи пулии 604, 89 сомониро ташкил медиҳад.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Мирзобоева Машҳура Исломовна бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 289 қисми 2, 323, -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойзода Саид Турсунмурод бо моддаҳои 289 қисми 2, 391 қисми 1 ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулаков Нусратулло Боймирзоевич бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сулаймонов Ҷонибек Маннонович ва Каримов Аъзамҷон Абдулҳаевич бо моддаи 289 қисми 4 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тољикистон гунаҳгор дониста шаванд.

Ба Мирзобоева Машҳура Исломовна бо моддаи 245 қисми 4 банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 75 000  (ҳафтоду панҷ ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар низоми АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати 3 сол таъин карда шуд.

Ба ӯ  бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.

Ба ӯ  бо моддаи 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 250  (дусаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12 500  (дувоздаҳ ҳазору панҷ сад) сомонӣ  ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар низоми АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати 2 сол таъин карда шуд.

Ба Мирзобоева Машҳура Исломовна бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 1,3 ва 5 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмуи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳои ба Мирзобоева Машҳура Исломовна дар намуди ҷарима ба андозаи 1700 (як ҳазору ҳафтсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 85 000  (ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар низоми АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати 4 сол таъин карда шуд.

Бо татбиқи моддаҳои 70 қисми 3 ва 49 қисми 10 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дар ҳабси пешакӣ будани маҳкумшуда Мирзобоева Машҳура Исломовна аз 24 ноябри 2018 сол то 08 майи соли 2019, ки 166 шабонарӯзро ташкил медиҳад, як рӯзаш баробари 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳисоб гирифташуда аз ҷазои ҷаримаи таъиншуда ба андозаи 83 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4150 (чор  ҳазору яксаду  панҷох) сомонӣ кам карда шуд.———-

Ба Бойзода Саид Турсунмурод бо моддаи 289 қисми 2,-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.

Ба ӯ бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 250  (дусаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12 500  (дувоздаҳ ҳазору панҷ сад) сомонӣ  ба фоидаи давлат, бидуни маҳрумкардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Ба ӯ  бо моддаи 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи  250  (дусаду панҷоњ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12 500  (дувоздаҳ ҳазору панҷ сад) сомонӣ  ба фоидаи давлат, бидуни маҳрумкардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Ба Бойзода Саид Турсунмурод бо дастрасии моддаи 67 қисмњои 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмуи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 700 (  ҳафтсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 35 000  (сию панҷ ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат, бидуни маҳрумкардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 70 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дар ҳабси пешакӣ будани маҳкумшуда Бойзода Саид Турсунмурод  аз 24 ноябри 2018 сол то 08 майи соли 2019, ки 166 шабонарӯзро ташкил медиҳад, як рӯзаш баробари 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳисоб гирифташуда аз ҷазои ҷаримаи таъиншуда ба андозаи 83 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4150 (чор  ҳазору яксаду  панҷох) сомонӣ кам карда шуд.

Ба Гулаков Нусратулло Боймирзоевич бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.

Бо татбиқи моддаҳои 70 қисми 3 ва 49 қисми 10 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дар ҳабси пешакӣ будани маҳкумшуда Гулаков Нусратулло Боймирзоевич аз  26 ноябри 2018 сол то 08 майи соли 2019, ки ки 164 шабонарӯзро ташкил медиҳад, як рӯзаш баробари 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳисоб гирифташуда аз ҷазои ҷаримаи таъиншуда ба андозаи 81 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4050 (чор  ҳазору  панҷох) сомонӣ кам карда шуд.

Ба Сулаймонов Ҷонибек Маннонович бо моддаи 289 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо татбиқи моддаи 63 ҳамин Кодекс ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 67 қисмҳои 3 ва 6 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо ҳукми Колегияи ҳарби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 289 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардида ва ҷазои нав таъин шуда, ҷазои ниҳоӣ ба Сулаймонов Ҷонибек Маннонович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Ба Каримов Аъзамҷон Абдулҳаевич  бо моддаи 289 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо татбиқи моддаи 63 ҳамин Кодекс ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Бо татбиқи моддаи 67 қисмҳои 3 ва 6 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо ҳукми Колегияи ҳарби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 289 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардида ва ҷазои нав таъин шуда, ҷазои ниҳоӣ ба Каримов Аъзамҷон Абдулҳаевич дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шуд.

Саршавии муҳлати адои ҷазои Сулаймонов Ҷонибек Маннонович аз 11 ноябри соли 2018  ба ҳисоб гирифта шуд.

Саршавии муҳлати адои ҷазои Каримов Аъзамҷон Абдулҳаевич аз 17 ноябри соли 2018  ҳисоб карда шуд.

Чораи пешгирӣ нисбати Мирзобоева Машҳура Исломовна, Бойзода Саид Турсунмурод ва  Гулаков Нусратулло Боймирзоевич дар намуди ба ҳабс гирифтан тағйир дода шуда, онҳо аз толори маҷлисгоҳи судӣ фавран озод карда шуд.

Чораи пешгирӣ нисбати Сулаймонов Ҷонибек Маннонович ва Каримов Аъзамҷон Абдулҳаевич дар ҳабс нигоҳ доштан бе тағйир мононда шуд.

Аризаи даъвогии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат нисбати Мирзобоева М.И., оид ба руёнидани маблағи зарар ба миқдори 542 266, 8 сомонї, рад карда шуд.

Аризаи даъвогии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат нисбати Мирзобоева М.И., оид ба руёнидани маблағи зарар ба миқдори 26 161 сомонӣ, рад карда шуд.

Аризаи даъвогии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат нисбати Мирзобоева Машҳура Исломовна, Бойзода Саид Турсунмурод, Гулаков Нусратулло Боймирзоевич, Сулаймонов Ҷонибек Маннонович ва Каримов Аъзамљон Абдулҳаевич оиди руёнидани маблағи зарари расонидашуда  ба миқдори 239 778  сомонӣ, бе барраси мононда шавад.

Далели шайъӣ як ҷуфт костюм ва шими зимистонаи комуфляжӣ бо тамғагузории навиштаҷоти “KG Made in Kyrgyztan Size 48” ки дар асоси санад ба намояндагони қисми ҳарбии 09264 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ супорида шудааст, дар амборҳои қисми ҳарбии мазкур нигоҳ дошта шудааст баъд аз эътибор пайдо намудани ҳукм ба фоидаи давлат гузаронида шаванд.

Далелҳои шайъӣ нусхаи протоколҳои мутобиқати нарх, варақаҳои даромади хазинави, ваколатномаҳо, борхатҳо, барномаҳои дахли ва ду фитаи саптҳои суҳбатҳои телефонӣ дар дохили маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шуда, баъд аз эътибор пайдо намудани ҳукм дар қабати парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шаванд.

Аз болои ҳукм дар муддати 10 (даҳ) шабонарӯз ба маҳкумшудагон бошад, аз рӯзи гирифтани нусхаи ҳукм ба воситаи ҳамин суд ба Колегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

  •                                       Раисикунанда:                                                Лоиқзода Н.А.
  •                                        Машваратчиёни халқӣ:                                  Қаландаров Қ.М.
  •                                                                                                                       Комили К.