АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз сутунҳои устувори давлатдорӣ нақши ҳалкунанда дар ҳифзи истиқлолият, амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа доранд. Таърихи таъсис ва рушди онҳо бо марҳилаҳои ҳассосу сарнавиштсози давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, таҷрибаи тайкардаи онҳо аҳамияти бузурги неруи ҳарбиро дар таҳкими пояҳои давлат собит месозад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ гардид. Хусусан солҳои аввали истиқлол, ки бо нооромиҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ буданд, зарурати таъсиси як сохтори тавонои ҳарбиро пеш оварданд. Дар чунин шароити душвор таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки амри ҳаётӣ барои ҳифзи сохти конститутсионӣ ва якпорчагии давлат ба ҳисоб мерафт.
Пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб гардидани роҳбарияти нав, масъалаи таъмини амният ва пойдории давлатдорӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфт. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Гарчанде қарор дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 18 декабри соли 1992 қабул гардида бошад ҳам, баргузор шудани нахустин Паради ҳарбӣ 23 феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ба таври рамзӣ оғози фаъолияти расмии Артиши миллиро таҷассум намуд.
Бунёди Артиши миллӣ дар шароите сурат гирифт, ки кишвар аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва кадрӣ имконоти маҳдуд дошт. Норасоии мутахассисони касбӣ ва инфрасохтори ҳарбӣ мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекард. Дар ҳоле ки баъзе давлатҳои минтақа имкони истифода аз мероси ҳарбии Иттиҳоди Шӯравиро доштанд, Тоҷикистон бинобар вазъи мураккаби дохилӣ аз чунин имконият маҳрум буд. Бо вуҷуди ин, афсарону сарбозони содиқ бо ҷасорату матонат дар сангарҳо на танҳо вазифаи ҷангиро иҷро намуданд, балки заминаи ташаккули сохтори муназзами ҳарбиро гузоштанд.
Қувваҳои Мусаллаҳ дар он солҳои ҳассос танҳо неруи ҳарбӣ набуданд, балки ҳамчун такягоҳи асосии барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар амал карданд. Фидокорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ имкон дод, ки сулҳу субот тадриҷан барқарор гардида, давлат ба марҳилаи рушди устувор ворид шавад.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Артиши миллӣ таърихӣ арзёбӣ мешавад. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба масъалаи амнияти миллӣ ва рушди иқтидори мудофиавӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, ислоҳоти фарогир дар соҳаи ҳарбӣ амалӣ шуд. Қабули санадҳои муҳими ҳуқуқӣ, такмили низоми идоракунӣ, таъсиси қисмҳои муосири ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва беҳбуди шароити иҷтимоии хизматчиён аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба таҳкими Артиш мусоидат карданд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ниҳоди муназзам, касбӣ ва боэътимод табдил ёфтаанд. Таҷҳизоти муосир, сатҳи баланди омодагии ҳайати шахсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ имконият медиҳанд, ки Артиши миллӣ ба таҳдидҳои минтақавӣ ва глобалӣ посухи муносиб диҳад.
Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз на танҳо сипари боэътимоди марзу буми кишвар, балки рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва қудрати давлат мебошанд. Онҳо дар ҳама шароит омодаанд рисолати муқаддаси худро – ҳифзи Ватан, таъмини сулҳ ва амнияти шаҳрвандон – бо масъулият ва садоқат иҷро намоянд.
Судяи суди ҳарбии
горнизони Душанбе
подполковники адлия Сайдализода Шарифхон

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 