Ваҳдати миллӣ — кафолати рушди ҷомеа ва субот

Ваҳдати миллӣ аз арзишҳои бузургу сарнавиштсози ҳар як давлат ва миллат ба шумор меравад, ки ба воситаи он ҷомеа ба субот, пешрафт ва амният ноил мегардад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили пойдории давлат, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва рушди устувори ҷомеа мебошад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ на танҳо як дастоварди сиёсиву иҷтимоӣ, балки омили асосии рушди давлатдорӣ ва таъмини сулҳу оромӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин арзиш Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо бахшид ва ба сӯи сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳнамоӣ намуд.
Ҳар сол рӯзи 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардида, ҷанбаи таърихӣ ва ахлоқии онро ба наслҳои оянда ёдрас менамояд. Ваҳдати миллӣ на танҳо хотираи таърихист, балки сабақи бузурге барои ояндасозии кишвар аст Ин рӯз барои ҳар фарди тоҷик рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рамзи дӯстиву бародарӣ ва нишони саодати миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.
Ваҳдати миллӣ ба маънои ҳамфикриву ҳамбастагӣ, иттиҳоду якпорчагии қишрҳои гуногуни ҷомеа буда, дар фазои сулҳомез ва дӯстона амалӣ мешавад. Он заминаи мусоид барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳифзи Истиқлоли миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат пайваста дар суханрониҳои худ ҳифзи ваҳдату субот ва як порчагии ватани азизамонро қарзи шаҳрвандии ҳар соҳибватан мегӯянд. Мо бояд Ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддастарин дастоварди таърихӣ ҳифз намоем ва ҳамеша барои таҳкими он саъю кӯшиш намоем.
Ваҳдати миллӣ ҷомеаро аз ҷудоиандозӣ, хусумат ва ихтилофоти дохилӣ наҷот медиҳад ва роҳи ҳамкориву ҳамзистиро байни тамоми гурӯҳҳои қавмиву мазҳабӣ мекушояд. Ин дастовард ҳамчун сутуни боэътимоди давлатдории навини тоҷикон хизмат мекунад ва барои наслҳои имрӯзу фардо масъулияти бузургеро ҷиҳати ҳифзу таҳкими сулҳу субот ба дӯш мегузорад.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ (соли 1991) бо мушкилоти сахти сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Солҳои 1992–1997 ҷанги таҳмилии шаҳрвандие ҷараён гирифт, ки ба мардум ва давлат талафоти сангини ҷонӣ ва иқтисодӣ расонд ва бунёди давлатдории миллиро зери хатар қарор дод. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷанги шаҳрвандӣ халқи моро ба гирдобе кашид, ки хатари парокандагӣ ва нобудшавии давлатдории тоҷиконро ба вуҷуд оварда буд».
Дар чунин шароити душвор зарурати ба даст овардани сулҳу ваҳдат ба як амри ҳаётан муҳим табдил ёфт. Бо кӯшишу ҳикмати роҳбарияти олии кишвар ва шахсан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо пуштибонии халқи ҷафокашида ва бо мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Ин рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи Тоҷикистони навин ҳамчун оғози марҳилаи нави созандагӣ ва ваҳдати миллию давлатдории мустақил сабт гардид. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист:
• амнияти дохилиро таъмин намояд;
• рушди устувори иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монад;
• ҷалби сармоягузорӣ ва барқарорсозии инфрасохторро вусъат бахшад;
• истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавориро ҳадафи миллӣ қарор диҳад;
• дар сатҳи байналмилалӣ мақому манзалати худро боло барад.
Ваҳдати миллӣ имрӯз рамзи худшиносиву худогоҳии мардум ва омили муҳими пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои дохиливу хориҷӣ мебошад. Президенти кишвар дар ин замина мефармоянд: «Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад».
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардан ва таҳкими Ваҳдати миллӣ воқеан беназир ва таърихсоз аст. Дар замони пурошӯби солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҷасорат, матонат ва сиёсати башардӯстонаю хирадмандонаи ӯ халқи парешонгаштаро сарҷамъ намуда, кишвари парокандаро ба роҳи сулҳу созишу рушди устувор раҳнамоӣ кард. Президенти мамлакат бо ибтикороти созандаи худ, аз ҷумла баргузории музокироти сиёсӣ бо мухолифин, сафари шахсӣ ба минтақаҳои ҷангзада ва ба Ватан баргардондани даҳҳо ҳазор гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ фазои сулҳу суботро пойдор намуданд. Тавре худи ӯ изҳор доштааст: «Мо сулҳро бо заҳмати шабонарӯзӣ, бо талошҳои хастагинопазир ва бо ҷонбозиҳои фарзандони содиқи миллат ба даст овардем».
Сиёсати «дарҳои боз», эҳтироми гуногунандешӣ, рушди арзишҳои демократӣ ва густариши диалогу ҳамдигарфаҳмии байнифарҳангӣ аз омилҳои асосии пойдории ваҳдати миллӣ гардиданд. Ба шарофати ин сиёсат имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯсту ташаббускори амният ва ҳамкорӣ дар минтақа ва ҷаҳон шинохта мешавад. Тасодуфӣ нест, ки Пешвои миллат бо ибтикороти байналмилалии худ — аз ҷумла пешниҳод дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» ва баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба об ва иқлим — мақоми давлатро дар арсаи ҷаҳон боло бурдааст.
Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва дастоварди таърихии миллати тоҷик аст, ки ба осонӣ ба даст наомадааст ва бояд чун гавҳараки чашм ҳифз гардад. Президенти кишвар таъкид менамоянд: «Ваҳдати миллӣ рамзи саодати мардум ва нишони бақои давлатдории тоҷикон мебошад. Онро ҳифз кардан қарзи виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат аст».
Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки дар таҳкими ин неъмати муқаддас саҳмгузор бошад, то ки наслҳои оянда дар фазои сулҳу ваҳдат, субот ва тараққиёт зиндагӣ кунанд. Маҳз бо талоши дастаҷамъонаи мардуми кишвар ва ҳифзи ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист тӯли солҳои истиқлолият садҳо иншооти муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун»-ро ба истифода диҳад, ҳазорҳо мактабу беморхона бунёд намояд ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро таъмин намояд.
Подполковники адлия Абдуллоев Ҷумахон Абдуҷалилович