Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судӣ
Конститутсия қонунест, ки маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дошта ва ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия гуфтаанд: “Муҳимтар аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем”.
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Ин муҳлати таърихи тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Шашуми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 боб ва 100 моддаро дар бар гирифта, дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро то хурдтарин ҷузъиёташ ифода менамояд. Тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар мувофиқа бо муқаррароти он фаъолият мекунанд. Ҳамчун қонуни олии давлат муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои ҳамаи қонунҳои амалкунанда мебошад.
Бояд қайд кард, ки боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Ин меъёри воқеан демократӣ дар моддаи 9 Конститутсия ба таври зайл муқаррар карда шудааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Баъди қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995 якчанд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судии кишварро ба танзим медароварданд, қабул гардиданд. Инҳо қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судӣ» буданд. Аммо баъдан бо мақсади танзими яксони фаъолияти мақомоти судӣ қонунҳои мазкур такмил дода шуда, 6 августи соли 2001 ба як санади мукаммал-Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид карда шуданд. Баъдан ин санади бо қабули Қонуни конститутсионии нав «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 таҳти №1084 бекор карда шуд.
Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он яке аз нишонаҳои асоси давлати демократӣ мебошад. Эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, яке аз нишонаи асоси чунин давлат арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад.
Аз ин рӯ мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, тадбирҳои судманд андешанд. Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин рӯ таъмини онро кафолат медиҳад ва он қабл аз ҳама дар муқаррар намудани ҳудуди салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад.
«Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Ҳамзамон Конститутсия доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад.
«Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».
Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти судӣ пайдо мекунад, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар маҳз мақомоти судӣ дорои ин ваколат аст.
Бо назардошти ин нақшу мавқеъи ҳокимияти судӣ ва тамоили умумии рушди ҷомеаи демократии ҷаҳонӣ тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия ворид гардида, муқаррар карда шуд, ки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ба муҳлати 10 сол интихоб ё таъин карда шаванд. Конститутсия моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Бо ҳамин тартиб, Конститутсияи Тоҷикистон дар радифи дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, мавқеъ ва салоҳияту ваколатҳои ҳокимияти судиро муқаррар намуда, самтҳои рушду такомули онро муайян кардааст.
Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост. Зеро Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзӯи халқи Тоҷикистон аст.
- Раиси суди ҳарбии
- гарнизони Душанбе
- полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.