КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАТБИҚИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Бори нахуст дар таҷрибаи кишварҳои пасошӯравӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия дар Ҷумҳурии тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон, воқеан, рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсозу кафолати татбиқи ормонҳои деринтизори миллӣ гардид. Ин санади сарнавиштсоз барои халқ асрҳои зиёд аз ҷафоҳои таърих ва ниҳоят, аз оташи ҷанги таҳмилии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ азияткашида, вале ҳамвора пурталошу сулҳҷӯ ва ваҳдатгарои тоҷик чун бахтномаи ояндаафрӯз ва шиносномаи давлатдории навини миллӣ масири рушду пешрафтро муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, бо роҳандозии сиёсати “дарҳои боз” таваҷҷуҳи кишварҳои дуру наздикро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷалб намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ бар пояи арзишҳои таърихии ниёгони тоҷик, унсурҳои неки инсонпарваронаву башардӯстонаи ориёӣ ва бо назардошти ормонҳои таърихии миллат, дарки манфиатҳои давлат, эҳтиром ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ таҳия шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон дошта, барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат додааст.
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Муовини раиси суди
ҳарбии гарнизони Душанбе
подполковники адлия Искандарзода Б.М.