Бисту нуҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрўз, дар арафаи ҷашни бисту нуҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки обрӯю нуфузи кишвари азизамон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд, раванди тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба пешравӣ дорад. Ногуфта намонад, ки дар баробари муваффақиятҳои беназири бадастомада, инчунин мушкилоти зиёди пешомада сари вақт ҳалли худро ёфта, аз байн бардошта шуданд. Мардуми кишвар хуб дар хотир доранд, ки Тоҷикистон дар оғози роҳи соҳибистиқлолӣ дар вазъи ниҳоят сангини дохилӣ ва минтақавӣ қарор гирифта буд. Дар он шароит, ки ҷумҳурии мо мушкилоти ниҳоят зиёди иҷтимоию иқтисодӣ дошт, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар дохили мамлакат муборизаи гуруҳу ҳаракатҳои сиёсӣ авҷ гирифт ва вазъият сангинтар шуд. Дахолати баъзе доираҳо ва қувваҳои муайяни давлатҳои хориҷӣ бо ҳамдастии фаъоли гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоии фурухташуда дар дохили кишвар омили аслии шиддати бесобиқаи бӯҳрони сиёсӣ ва табдили он ба ҷанги гражданӣ гардидаанд. Аммо фарзандони баномуси миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгар дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, роҳи дурусти бунёду азнавсозии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду соҳибистиқлоли дунявиро фидокоронаю самимона пеш гирифтанд. Мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси кишвар хуб медонад, ки сарвари ғамхори давлатамон шахсияти хирадманд, барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ буда, ҳамеша барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ободию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон фидокорона заҳмат мекашанд. Президети мо фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Имрӯз миллати тоҷик барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ифтихор мекунад. Ўро халқ ҳамчун бунёдгузори сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъии миллати тоҷик, наҷотбахши давлатдории миллии тоҷикон ва сарвари тавоно мепазирад. Бояд гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми кишвар ҳамчун Пешво ва Сарвари миллат, мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкор, ғамхори халқу миллат дӯст медорад, ба ў эътимоду ихлоси самимӣ дорад. Бинобар ҳамин халқ ҳамеша ҷонибдори ў буда, Пешвои худ интихоб кардааст. Дар ҳақиқат, муҳтарам Эмомали Раҳмон – асосгузори давлати миллии мустақили навини тоҷикон сазовори боварии аҳли ҷомеа гаштаанд. Эмомали Раҳмон, пеш аз ҳама, Пешвои мо, Президенти мо, ифтихори мо мебошанд. Чунин ихлос ва муҳаббати самимӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо таҳти сарварии ў ба даст омадаанд!
Мутахассис-коргузор
Лейтенанти калони адлия Тағоев Ш.Ю.