ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК!
Фарорасии Иди саиди Фитр муборакатон бошад, ҳамватанони гиромӣ ва дӯстони азиз!
Сараввал, дар ин лаҳзаҳои иҷобати дуо бо андуҳи зиёд ба ҳамаи он нафароне, ки дар ин моҳи муборак бар асари вабои паҳнгашта азизони худро аз даст доданд, изҳори амиқи ҳамдардӣ баён менамоям.
Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо, бо вуҷуди ин ҳама ҳассосиятҳое, ки моро фаро гирифтааст, ноумед набояд шуд, зеро Худованд моро ба сабру шикебоӣ фармудааст. Ва поёни ҳамаи мушкилот албатта фаро мерасад.
Ба муносибати ин ҷашни муборак танҳо ва танҳо сиҳатмандии ҳар яки Шуморо таманно дорам, дӯстони азиз! Тандурустиву зиндагонии осудаи Шумо орзуи ҳамешагии мост.
Дуогӯи онем, ки Офаридгори олам бо фазлу карам ва раҳмату бахшоиши Хеш ин вабои оламгирро аз сарзамини мо ва тамоми ҷаҳон нобуд гардонад ва ба беморон шифои комил ато намояд.
Зиндагонии шоиста, хонадони ободу пурфайз, барори кору саодатмандӣ ва хушбахтиҳои ҳамешагӣ насибатон, ҳамватанони гиромӣ!
Иди саиди Фитр муборак бошад!
- Раиси суди ҳарбии
- гарнизони Душанбе
- полковники адлия Раҷабзода Ҳ.Н.