Сарбоз бояд хизмат кунад ё фирор?

Шаҳрвандоне, ки ба синни даъвати расидаанд, бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, софдилона ба Ватани азизамон хизмат карда, бо сари баланд ба пеши падару модарашон баргарданд. Аммо баъзе нафароне ҳастанд, ки на ғами худро мехӯранд ва на ғами падару модарро даст ба ҷиноят мезананд.

Хизматчии ҳарбӣ, сарбози қаторӣ Худойназаров Исроил Ҳамроевич бо қарори комиссияи даъвати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 22-юми октябри соли 2017 солим барои хизмати ҳарбӣ дониста шуда, баҳри адои он ба қисми ҳарбии 6592-и ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, сипас бо фармони Фармондеҳи ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми ноябри соли 2017 таҳти №273 ба қисми ҳарбии 3502-и ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар вазифаи тирандози шуъбачаи якуми взводи сеюми ротаи дуюми БФТМ адои хизмат мекард. Номбурда хизматро дар ин қисми ҳарбӣ адо карда истода, 13-уми феврали соли 2018 тахминан соати 07:30 дақиқа бо либосҳои низомӣ худсарона, бе сабабҳои узрнок маҳали хизматашро тарк намуда, ба самти номаълум ғайб зада, дигар ба ҷои хизматаш ҳозир нашуда, сипас чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намуда, 16-уми феврали соли 2018 тариқи хатсайри №2812 бо самти Душанбе – Челябинск парвоз кардааст. Ҳамин тариқ, номбурда муддати 1 (як) солу 11 (ёздаҳ) моҳу 27 (бисту ҳафт) шабонарӯз дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия қарор дошта, нисбати кирдори содирнамудааш пушаймони изҳор накарда, шахсан ягон маротиба кӯшиши ба маҳали хизматаш баргаштанро накардааст.

Санаи 10-уми феврали соли 2020 Худойназаров И.Ҳ., аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дастгир шуда, ба ИНМ РВКД дар вилояти Хатлон ворид карда шудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 20-уми марти соли 2020 Худойназаров Исроил Ҳамроевич бо моддаҳои 375 қисми 1 ва 388 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси моддаи 67 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум карда шудааст.

 

  • Судяи суди ҳарбии
  • гарнизони Душанбе
  •  подполковники адлия                              М.Р. Рустамзода