Зуровари дар хизмати ҳарбӣ боиси ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани сарбоз гардид
Зуровари дар хизмати ҳарбӣ боиси ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани сарбоз гардид.
Мисол: хизматчии қисми ҳарбӣ қатории гвардия Сирожидинов Рустам Набиҷонович, санаи 12-уми апрели соли 2017 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Рӯдакӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, барои барои адои он ба қисми ҳарбии ГМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуда, зимни адои хизмати ҳарби даст ба ҷиноят задааст. Чунончи, ӯ бархилофи талаботҳои бандҳои 8,9,13,16,17 ва 64-и бандҳои 4,5,6 ва 7-и Оиномаи интизоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дағалона рафтор намуда, санаи 05-уми апрели соли 2019 тахминан соати 13:00 дақиқа ба дохили хонаи майишии взводи таъминотӣ ва хизматрасонӣ қисми ҳарбӣ ворид гардида дидааст, ки дар онҷо хамхизматаш қатории гвардия Қурбонов Шокир Ахмадович мӯи сар кам дорад. Ин ҳолатро қатори Сирожидинов Р.Н.-ро ба ғазаб оварда номбурда бе иҷозати ӯ дари хонаи майишӣ ва гирифтани ҷойпӯши (простин) тозаро баҳона карда, қасдан бо мақсади нишон додани бартарияти худ, дар байни дигарон дар ҳолати ғазабонӣ ба суроғаи Ќурбонов Ш.А. аз апааш дашномҳои қабеҳ кардааст. Сипас Сирожидинов Р.Н. ба ин қонеъ нагардида дар ҳолати ғазабнок бо дасти росташ аз қисмати рости гиребони куртаи пусти гардида ҳамхизматаш Қурбонов Ш.А. сахт капида, охиринро кашола карда аз дохили хонаи майишӣ ба беруни дахлез (Калидор) баровардааст, ки дар натиҷа ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Мувофиқи хулосаи коршиноси судӣ-тиббӣ №48 аз 18.04. соли 2019 дида мешавад, ки дар бадани қатории гвардия Қурбонов Шокир Аҳмадович ҷароҳати ҷисмонӣ ба монанди харошхои мавзеъи гардан аз тарафи рост дарёфт карда шудааст.
Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе Сирожидинов Рустам Набиҷонович бо моддаи 373 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ин қисми модда ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол ҷазо таъин карда шуд.
Дар асоси моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда, нисбати Сирожиддинов Рустам Набиҷонович шартан татбиқ карда нашуда барои ислоҳшавӣ ба ӯ 1 (як) сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.
Назорат аз болои рафтори минбаъдаи Сирожидинов Рустам Набиҷонович дар мӯҳлати санҷиш ба зиммаи РНКИ ШКИ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли ҷойи зисташ, вогузор карда шуд.
Аз болои ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавасссути ҳамин суд шикоят ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.
Раисикунанда: Саидзода З.С.