Истиқлолияти Давлатӣ — Неъмати бебеҳо

Мусаллам аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлат, рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон буд.  Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии худ на танҳо, асосҳои давлатдории миллии худро ташаккул ва мустаҳкам гардонид, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътибори зиёдеро соҳиб гардид.

Албатта, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми сулҳпарвару сулҳхоҳи куҳанбунёди тоҷик яке аз дастовардҳои бузург ба ҳисоб рафта, бо ба даст овардани он хурду бузурги ин сарзамини биҳиштосо барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талошҳои ватандӯстона заҳмат кашида, дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Ҳамагон  дар ёд дорем, ки солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кишвари азизамон бар асари фитнаву дасисаи ҳасудону бадхоҳон, дар як ҳолати сангину ҳассос қарор дошт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо ба ҳалокат расиданд, ҳазорҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ  ҷони худро баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар қурбон карданд.

Дар хотироти мо нақш бастааст ва он рӯзҳоро фаромӯш намекунем, ки дар он айёми даҳшату бесарусомонӣ касе ба доди касе намерасид ва қариб  монда буд, ки давлати бузурги тоҷикон пароканда шуда,  аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардад. Вале хушбахтона,фарзандони бонангу номуси миллат бо ҳам муттаҳид гардида, барои эъмор ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд талошу муборизаҳои беамон бурданд, ки дар натиҷа, ба бахти халқи тоҷик оташи ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш хомӯш карда шуда,Тоҷикистони азизамон Истиқлоли давлатиро соҳиб гардид.

Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои  миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷахони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Мо-ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи ин сарзамини биҳиштосо, бояд шукрона аз он кунем, ки имрӯз дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона умр ба сар бурда, фарзандони мо дар зери фазои софу беғубор ба воя расида истодаанд.

Гузашта аз ин,мо-кормандони ҳокимияти суд, ки бо амри тақдир ва масъулияти касбӣ, ҳимоякунандаи яке аз арзишҳои олӣ-ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳастем, бояд баҳри устувор нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ софдилонаю содиқона кору фаъолият намуда, баҳри ободии диёри азизамон бо дилу ҷон саҳмгузор бошем.

Боварии комил дорам, ки ҳамаи он қаҳрамонию муборизаҳои гузаштагонамон, ки баҳри озодиву Истиқлол,сулҳу субот,рушду инкишофи ҷомеа ва амнияти кишвар буд, аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳангӣ мегарданд.

Мусаллами ҳамагон аст, ки аксари кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон орзу мекунанд, то ба Истиқлоли комил расанд, вале наметавонанд, ки ба он шарафёб шаванд. Борҳо шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон аз Истиқлолу Ваҳдати тоҷикон ситоиш карда, таъкид доштанд, ки дар мавриди осоиштагии кишвари худ аз Тоҷикистон таҷриба гиранд. Расул Ғамзатов, шоири халқӣ, Қаҳрамони меҳнати халқи қирғиз дар ҷое чунин менигорад: «Фақат ҷанг набошад  шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон  ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд-Презеденти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…». Дар воқеъ, ҳақ бар ҷониби ин донишманди беназир аст. Аминем, ки  Истиқлоли комили мо умре пояндаву ҷовид хоҳад монд.

 

  • Раиси суди ҳарбии 
  • гарнизони Душанбе 
  • полковники адлия                                                       Раҷабзода Ҳ.Н.