.

Силсилачорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ
«Парчам-рамзи истиқлолияти давлатист», «Парчамат поянда бод-Тоҷикистон!», “Парчам-рамзи сарбаландии миллат”, “Парчами миллӣ боиси ифтихор ва нангу номус”, “Парчами миллӣ-рамзи ҳаёти осоишта”, “Таърихи Парчам-дарси ибрат”, “Парчам-рамзи муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Парчам- таҷассумгари фарҳанги тоҷикон” …… Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ мизҳои мудаввару конфронсҳои илмӣ ва чорабиниҳои тарбиявӣ идома ёфтанд. Дар чорабиниҳо баромадкунандагон дар мавриди таърихи пайдоиши Парчами миллӣ маълумот доданд. Иброз шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рўзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» бошукўҳ Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.
Рӯзи Парчами миллӣ маърӯзаҳо ироа намуданд. Зимни баромади онҳо зикр шуд, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад. Чунки дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишон, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ расман тасдиқ карда шудааст, илова гардид зимни ҷараёни чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ.
Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандўсти бонангу номус мебошад.Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Дар тўли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дурафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад,
Эҳтироми волои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ўхдадории ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ чунин муносибатро ба роҳ мондан зарур аст ва ҳадафи силсилачорабиниҳо ба ифтихори ин санаи муқаддас низ ҳамин мебошад.