.
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН,
ТОҶИКИСТОНАМ.
“Бигзор, Парчами Истиқлолият асрҳои аср ба сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷик парафшон бошад” Эмомалӣ Раҳмон
Парчам рамзи давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоди сокинони ҳар як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодиву истиқлолият маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатамон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ менамояд. Қадршиносӣ аз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ аст. Парчам ҳамчун ахтари тобон роҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Тоҷикистон номи ту то арш боло мебарем,
Парчаматро боз боло, боз боло мебарем.
Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеъ устувор кардааст, ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард. Дар саргузашти мардуми тоҷдори тоҷик низ парчам ва парчамдорӣ як ҳикояти аҷиб аст:
Ин ҳикоятро тавассути “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ёдовар шудан мумкин аст. Бинобар аз нақли муаллифи “Шоҳнома” Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони кишвар 17-писари ӯро низ туъмаи моронаш карда буд ба дод омада ба рағми ин шоҳи хунхор мешурад ва пешгири чармии хешро ба сари найза кашида одамонро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад. Шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва он пешгири Коваи музаффарро “Ковиёни дирафш” мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Дирафш аз муродифҳои бостонии парчам аст.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш “Ковиёни дирафш”
Пас аз ин ҳодисаи ҷолиб шоҳони замон ин рамзро чун рамзи эҳтиром ба Ватан ва ватандӯстиву хештаншиносӣ эътироф намуданд. Дар тамоми сарчашмаҳои адабиву бадеӣ ва илмиву сиёсӣ парчам чун рамзи маъруфу бостонӣ тасвир шудааст. Дар фарҳангу луғатномаҳо низ вожаи парчам хеле сермаъно аст. Парчам –дирафш, алам, ливо, байрақ, рояд.
Чун кишвари маҳбубу арҷманди мо Тоҷикистон ба истиқлол расид дар радифи масоили дигар барои пазириши тарҳу намуди Парчам табодули афкор намудааст. Соли 1992 мувофиқи низомнома Тоҷикистон соҳиби парчами давлатӣ гардид. Оре, Парчами давлатӣ аз муҳимтарин муқаддасоти давлатӣ аст.
Чи қадар лаҳзаҳои муассиру ҳаяҷонбахш ва пурифтихор буданд, лаҳзаҳое, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба халқу Ватан хидмати фидокорона ба мардум қасам ёд карда, сари таъзим ба Парчами давлатӣ фуруд овард ва бо камоли эҳтирому эътиқод гӯшаи онро бибусид, ба чашм молид. Ин аст эътиқод ба Ватан ва ҳисси баланди эҳтиром.
Бо ибтикори Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр рӯзи Парчам эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бошукуҳу тантана таҷлил мегардад.
Боварӣ дорам, ки то абад халқи тамаддунофари тоҷик ба қадри муқаддасоти давлати хеш аз ҷумла, Парчами миллӣ мерасад ва арзи эҳтиром мегузорад.