Сарваре, ки сулҳ овард, барҳақ Пешвои миллат аст.

Сарваре, ки сулҳ овард, барҳақ
Пешвои миллат аст.

Дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» қабул карда шуд ва бо қабули қонуни мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман Пешвои Миллат эълон гардид ва саҳифаи тозае дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон арзи вуҷуд кард.
Ин санади муҳими таърихӣ мутобиқи дархосту пешниҳодоти мардуми кишвар барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои арзандаи фарзанди содиқу вафодори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешниҳод гардидааст.
Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам барои халқ ва миллати мо хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурўпошӣ наҷот додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ў пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуд ва роҳи давлатдории Тоҷикистон ба суи давлатӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоию дунявӣ ва ягона шурўъ гардид. Эҳёи арзишҳои миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи энергетика ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин гардид.

 

Котиби маҷлиси судии

суди ҳарбии

гарнизони Душанбе                     Қаҳоров Ш.К.