Иштироки кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 30-юми июли соли 2020 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки дар ин семинар мавзуъҳои зерин муҳокима карда шуданд:

  1. Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзачӣ Самандари Қаландар котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе.
  2. Тартиби таъйин ва баргузор кардани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯзачӣ Абдуллозода Ҷасури Сафарбег пристави судии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.
  3. Мафҳум, мақсад ва намудҳои ҷазо, боби 9 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзачӣ Ализода Шаҳноза Зариф  котиби судии суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии мазкур ҳар ҷумъаи охири моҳ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони дастгоҳи суд ба роҳ монда мешавад.