30 ҚАДАМИ УСТУВОР

 30 ҚАДАМИ УСТУВОР

(Зинаҳои тайкардаи Артиши миллї)

 Шуруъ аз сифр

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият мебошад. Аниқтар, Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҳар сол санаи 23 феврал ҷашн гирифта мешавад. Сарфи назар аз мушкилоти зиёди вақт, ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳроҳи пурпечутоберо тай карда, таҷриба андӯхт. Шоистаи зикр аст, ки он имрӯз яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Айни ҳол шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳхуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегарданд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣба  таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣвуҷуд надошт. Яъне,ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид.

Марҳалаҳои артиш

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»ба имзо расид. Нахустин паради ҳарбӣ рӯзи23 феврали соли 1993баргузор гардид ва маҳз ҳамин рӯз санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон расман эълон шуд. Зикр кардан бамаврид аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се марҳаларо паси сар намудааст. Дар даври аввал  таъсис  ва  фаъол  намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳбаҳисоб меравад. Даври дигар, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Даври асосӣин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣсе навъи Қувваҳои Мусаллаҳфаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣва мудофиаи зиддиҳавоӣ.

Ҳастии артиш-омили пойдории давлат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар баромадҳои худ ба низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқтаъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳон ӣҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳтаҳти назорати доимии худ қарор додаанд,чунки дар ҳар даврузамонҳе ҷяк давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ пойдор буда наметавонад. Балки он сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣғамхории пайваста зоҳир менамояд.

Танҳо дар давоми соли 2020 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣбеш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣфаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, техникаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣдар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳондар мубориза бар зидди экстремизу терроризм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чӣдар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣберун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣҳар сол тибқи нақша, пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣниз гузаронида мешаванд. Аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, аз қабили нишонгири снайперҳо, парашутистон, минаҷӯйён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣба қайд гирифта шудаанд.

Артиш пурқувват мегардад

Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дурру наздик, бо афсарони касбӣпурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣонро аз рӯйи 17 ихтисос хатм менамоянд, наздики 4 ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Руссия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Иёлоти Муттањидаи Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣва баланд бардоштани малакаи касбӣфиристода мешаванд.Тадбирҳои саривақтӣвобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣимконият фароҳам овард, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъутомҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣбо афсарони касбӣпурра гардонида шаванд.

Вусъат ёфтани ҳамкориҳо

Ҳамкориҳо иҳарбӣва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷва созмонҳои байналмилалӣ, асосан, дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣдар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣва расонидани кӯмакҳои техникӣба Артиши ҷавони кишвар ба роҳмонда шудааст. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Амният ва Ҳамкорӣдар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣгустариш додааст. Айни замон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷониба дорад.

Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ

20-уми феврали соли 2015 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣдар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣнамудани сиёсати давлатӣдар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Чунки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳдар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣвобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣиштирокчиёни фаъоли ҳама гунна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд. Бо мақсади пешгирӣнамудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣдар миёни ҳайати шахсии ҷузъутомҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣбо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан,ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳмуташаккилона ба роҳмонда мешаванд.

Рушди артиши миллӣ

Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои аввали истиқлолият ҷузъутомҳои навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳдар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣтаъсис ёфта буданд. Қисмҳои низомӣвобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъсису уҳдадорӣ, аз ҳудуди пойтахт ва аз дигар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои аҳолинишин бароварда шуда, дар мавқеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир карда шуданд. Дар самти рушду нумӯи Артиши миллӣмаҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмуриюситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣбарои нигоҳдории техникаи ҳарбӣва дигар иншооти зарурии низомӣдар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, бо меъёри ҳарбӣва талаботи ҳозиразамони низомӣмавриди истифода қарор дода шуданд.

 

 Судяи суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

майори адлия                                               Шарифхон Сайдализода